Ифтитоҳи сомонаи «Суғд ҳақиқати»

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – рӯзномаи «Суғд ҳақиқати», ки бо забони ӯзбекӣ чоп мешавад, сомонаи худро дар шабакаи Интернет боз намуд. Ба иттилои сармуҳаррири рӯзнома Фарҳод Ҷӯраев сомонаи мазкур дорои 10 бахш мебошад, ки дар онҳо маводу иттилооти гуногуни сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷой дода мешаванд. Рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» аз моҳи июли соли 1993 нашр мешавад. Алҳол нашрия ҳафтае ду маротиба бо теъдоди беш аз 2 ҳазору 400 нусха ба табъ мерасад.