Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон буда, сатҳу сифати зиндагии сокинон аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобастагии қавӣ дорад.
-Имрӯз дар қайди шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Шаҳристон 3092 нафар нафақагирон ба ҳисоб гирифта шудаанд,- мегӯяд сардори ин идора Мангубердӣ Эгамшукуров.
Барои таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 таҳти №244 «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», дар ин муддат ба 1061 нафар хонандагони синфҳои 1-9- уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 42,6 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст. Барои дастгирии 1100 оилаи камбизоат бошад, дар ин давра 166,3 ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҷубронпулии истифодаи хароҷоти қувваи барқ пардохт гардидааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»