Баъди ҳодисаи 11 январи соли ҷорӣ рухдода дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон вазъият ҳамоно муташанниҷ аст.
Мо аз сардори сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Ш.Ҷ. Файзуллоев хоҳиш намудем, ки ин вазъиятро шарҳ диҳад.
- Шараф Ҷабборович, шумо ҳодисаеро, ки 11 январи соли 2014 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, чӣ тавр шарҳ медиҳед?
- Ҷузъиёти ҳодиса дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр ёфтааст. Бинобарин моҳияти ҳодисаро мухтасар баён мекунам.
Пеш аз ҳама, бояд маҳалли ҳодисаро возеҳ намоем. Бархӯрд дар ҳудуди обанборе рӯй дод, ки дар деҳаи Хоҷаи аълои деҳотии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст.
Ин воқеа худ шаҳодат медиҳад, ки ҳарбиёни мусаллаҳи Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон сарҳади давлатии Тоҷикистонро халалдор намудаанд.
Тахминан соати 12 ва 20 дақиқаи вақти Душанбе хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон аввалин шуда, оташ кушоданд, ки дар натиҷаи он капитан Ф. Раҳимов аз пояш захм бардошт. Дар баробари ин, сарҳадчиёни қирғиз, воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон ва гурӯҳи пешакӣ омодагардидаи дастгирии оташфишонӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз пулемёту яроқҳои снайперӣ самти сарҳадбонони тоҷикро шадидан тирборон карданд.
Бо назардошти афзалияти шумораи ҳарбиён ва тирборони шадиди сарҳадчиёни қирғиз тасмим гирифта шуд, ки барои хомӯш гардонидани оташфишонӣ бо мақсади аз маҳалли ҳодиса баровардани ярадорон миномёти калибраш хурд истифода шавад. Таъкид мекунам, ки оташфишонӣ аз ҷониби мо бе нияти расонидани талафот ба ҳайати шахсӣ сурат мегирифт. Фақат баъди истифодаи миномётҳо муяссар шуд, ки оташфишонӣ хомӯш гардад ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи қаламрави худ ақибнишинӣ кунанд.
- Сабаби сар задани ҳодиса чӣ буд?
- Сабаби рух додани ҳодиса дар қитъаи обанбор риоя накардани созиши қаблан бадастомада дар бораи манъи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои мувофиқанашуда ва сарҳади давлатиро вайрон кардани ҷониби Қирғизистон буд. Тавре ки шумо медонед, ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Т.Б. Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.
- Ҷонибҳо бо кадом ҳуҷҷат манъи иҷрои корҳои мувофиқанашудаи сохтмониро муайян кардаанд?
- Манъи ҷудо кардани қитъаҳои замин, сохтмони биноҳо, иншоотҳои шахсӣ ва иншоотҳои дигари мувофиқанашуда дар ҳудудҳои баҳснок то анҷоми муайян кардани маҳаллу мавқеияти сарҳади давлатӣ бо банди 2 Протоколи вохӯрии ҳайатҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 29 апрели соли 2008 ҷорӣ карда шуда буд.
Ҳайати Қирғизистонро дар вохӯрӣ Токон Мамитов роҳбарӣ мекард, ки муншии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад ва худи ӯ ин Протоколро имзо кардааст.
Зиёда аз ин, роҳбарони ҳар ду давлат дар ҷараёни як мулоқот, ки 16 майи соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, аҳамияти ин Протоколро қайд намуда буданд. Тавассути банди № 2 Изҳороти якҷояи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳукуматҳои ҷонибҳо супориш дода шуда буд, ки дар бораи манъи фаъолияти хоҷагӣ дар қад – қади хатти сарҳад то анҷоми муайян кардани демилитатсия ва аломатгузорӣ як Созишнома таҳия ва имзо кунанд.
Вале ҷониби Қирғизистон, сарфи назар аз пешниҳодҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон, имзои Созишномаи мазкурро қасдан кашол медиҳад, ки ин сабаби асосии нофаҳмиҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ гардидааст.
Нисбат ба ҳамтоёни қирғизам ҳарчанд ҳисси эҳтиром дошта бошам ҳам, вале бояд қайд намоям, ки чунин саркашӣ аз ҳалли масоили баҳсноки ҳудудӣ дар маҷрои ҳуқуқӣ ва такя ба амалҳои табиии аҳолӣ оянда надорад. Сиёсати ҳамоишӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ қобили қабул набуда, фақат боиси қурбониҳо мешавад.
- Кор дар самти муайян кардани маҳаллу мавқеи сарҳад чӣ тавр сурат мегирифт ва сабаб чист, ки ин масъала бо гузашти муддати тӯлонӣ ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст?
-Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани маҳаллу мавқеи сарҳадӣ соли 2002 таъсис ёфта буд. Ҷонибҳо аз соли 2002 то соли 2006 асосҳои ҳуқуқиро барои муайян кардани хатти сарҳад ҷустуҷӯ менамуданд.
Дар ҳошияи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани маҳаллу мавқеи сарҳад маводҳои солҳои 1924 – 1927 ба ҳайси асосҳои ҳуқуқӣ қабул шуданд. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Қирғизистон талаб мекард, ки хатти сарҳад аз рӯи ҳуҷҷатҳои соли 1989 қабулшуда дар бораи тақсимоти миллӣ, ки аз расмияти ҳуқуқӣ нагузашта буданд, муайян карда шавад. Дар ниҳояти кор, ҷонибҳо ҳангоми муайян кардани хатти сарҳад ҳар ду ҳуҷҷатро чун асос қабул карданд.
Комиссия корҳои зиёдеро анҷом дод. То имрӯз 550 километр (51,2 фоиз) сарҳади умумӣ аз расмиёти муайян кардани маҳаллу мавқеъ гузаштааст. Вале, вақте ки ҷонибҳо ба рӯйхат кардани ҳудудҳои баҳснок наздик шуданд, ҷониби Қирғизистон аз дастгирии мавқеи пештарааш, аз рӯи масъалаҳои муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ, рӯ гардонида, пешниҳод намуд, ки кори минбаъда мутобиқи сарҳадҳои аслан муқарраршуда, ки онҳоро маводҳои замин ва истифодаи об муайян мекунанд, ташкил карда шавад.
Чунин мавқеи ҷониби Қирғизистон аслан пеши роҳи ҳар кӯшиши ҳалли судманди масоили ҳудудро мегирад, зеро онҳоро аз асоси ҳуқуқӣ маҳрум месозад. Маводҳои пешниҳодкардаи ҷониби Қирғизистон мақоми дахлдори ҳуқуқӣ надоранд, зеро масъалаҳои ҳудудгузории қаламравро танзим намекунанд.
Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳудудгузорӣ дар асоси маводҳои солҳои 1924 – 1927, чун ягона ҳуҷҷатҳои қонунӣ, ки аз расмиёти хуқуқӣ мутобиқи Конститутсияи ИҶШС – и дар он давра амалкунанда гузаштаанд, рӯи кор оварда шавад. Маводҳои соли 1989 пешниҳодкардаи ҷониби Қирғизистон ва алалхусус ҳуҷҷатҳои истифодаи замин чунин мақомро надоранд.
-Фарқ байни маводҳои солҳои 1924 – 1927 ва 1989 дар чист?
-Мувофиқи маводҳои солҳои 1924 -1927 деҳаи Ворух ҳаргиз анклав набуд. Ворух чун анклав дар солҳои 1950 -ум бидуни асосҳои ҳуқуқӣ, бо усули қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро забт, ғасб ва аз худ кардани шаҳрвандони Қирғизистон ташкил ёфт.
Вазъияти ҳудуде, ки ҷониби Қирғизистон дар он роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро месозаду он сабаби ҳодисаи охирин гардид, низ чунин аст. Мувофиқи маводҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори ИҶШС тасдиқгардидаи солҳои 1924 – 1927 ин ҳудуд ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешавад.
Вале, ҷониби Қирғизистон аҳду паймонҳои қаблан бадастомадаро вайрон карда, ба сохтмони роҳи мошингарди зикршуда шурӯъ кард. Дар баробари ин, ҳатто то ҳол, тавассути мақомоти расмӣ дар бораи мувофиқаи корҳои зикршудаи сохтмонӣ ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳуҷҷат нарасидааст. Мо дар бораи нақшаҳои ҷониби Қирғизистон бори аввал, фақат дар ҷаласаи гурӯҳи топографӣ, дарак ёфтем ва худи ҳамон вақт пешниҳод намудем, ки ҳуҷҷатҳои дахлдор барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд. Вале, тавре ки пештар гуфтам, ин тавр нашуд.
-Дар ҳоле ки ҷониби Қирғизистон вазъиятро дар хатти сарҳадӣ фаъолона инъикос мекард, шумо «сукути» басо тӯлонии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Дар ҳақиқат, бисёр агентиҳои иттилоотӣ ва аҳли ҷамъият бар адами иттилооти расмӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои гуногун доданд, вале ин сабабҳои асоснок дошт.
Тартиби муайяни танзиму ҳалли ҳодисаҳои сарҳадӣ ҳастанд, ки дар ҳошияи қонунҳои миллии ҳар ду кишвар ва меъёрҳои амалияи ҷаҳонӣ зикр ёфтаанд. Мутобиқи тартиби муайянкардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи сарҳади давлатӣ» ва санадҳои дахлдори зерқонунӣ ҳодисаҳои дар сарҳади давлатӣ рухдода дар сатҳи намояндагони сарҳад бо усули гузаронидани тафтишоти муштараки дуҷониба танзим карда мешаванд.
Ҳар гуна изҳорот ва шарҳу мулоҳизаҳои расмии шитобкорона ва бо далелҳо тасдиқнашуда қобили қабул набуда, мухолифи меъёрҳои одоби байналмилалию сарҳадӣ, аз ҷумла мухолифи аҳду паймони комиссияҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ мебошанд. Мо, бо назардошти ҷиддияти вазъият, баъди рух додани ин воқеа ҳамоно ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додем, ки дар асоси он изҳороти расмӣ таҳия гардид.
Мутаассифона, ҳамтоёни қирғизи мо амалияи мавҷударо ба инобат нагирифта, аз рӯзҳои аввали сар задани ихтилоф ба фаъолияти тарғибгарона шурӯъ карда, вазъиятро ба таври барояшон қулаю муфид зикр намуда, дар баёни воқеаҳо ба ғалату сохтакориҳои аз ҳад зиёд роҳ доданд, тавре ки пештар ва на як бор ҳамин тавр шуда буд.
Зиёда аз ин, баъзе изҳорот ва шарҳу мулоҳизаро ашхосе иброз доштанд, ки дар мавриди сарҳад тасаввурот ва дар бораи хатти ҳақиқии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мутобиқи санадҳои қонунӣ иттилооти кофӣ надоранд.
- Саволи охирин, шумо дар мавриди ҳалли ин ҳодиса то чӣ андоза некбинед?
- Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли сулҳомезу судманди масоилу ҳодисаҳо буданд ва мебошанд. Фикр мекунам, ки дар сурати мавҷуд будани азму иродаи аниқи ҳамтоёни қирғизамон дар бораи риояи принсипҳои эҳтироми мутақобила ва татбиқи аҳду паймонҳоямон мо метавонем дар оянда чунин ҳодисаҳоро танзим карда, минбаъд ба сар задани онҳо роҳ надиҳем.
Таъкид мекунам, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нияти сӯиқасд ба қаламрави давлати дигарро надоранд ва онҳо, вазифаҳояшонро бобати посбонии сарҳади давлатӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам иҷро мекунанд.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»