Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ тавсеа ёфт. Дар ин давра иқтисодиёти миллӣ бо шаклу мазмуни нав рушд намуда, дар истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди захираҳои табиӣ дастовардҳои шоиста ба даст омад. Сардори Раёсати минтақавии иқтисод ва савдои вилоят Мастура Комилова оид ба ин мавзӯъ дар суҳбат бо мо чунин гуфт:
-Дар таҳкими ин раванд татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ мавқеи хос доранд. Чунончӣ, таъмини «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» имконият дод, ки аксари соҳаҳо рушд карда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад.
Тибқи нишондиҳандаҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ даромади Буҷети давлатӣ 106,2 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 652,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 38 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110, 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ низ барзиёд таъмин гардида, он 101,5 фоизро ташкил дод.
Дар ин муддат барои дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз буҷети вилоят 38,0 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҳамчун субвенсия равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 млн. сомонӣ зиёд аст.
Аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 1904,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,3 фоизро ташкил намуд.
Таъмини босуботи ҷараёни истеҳсолӣ дар корхонаҳои истихроҷи маъдан, коркард, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ ва об имкон дод, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсолот аз 109 то 118,7 фоиз таъмин гардад. Аз 511 корхонаи саноатӣ 354 корхона вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд.
Ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ барои коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯйӣ намуда, дар ин сол бунёди 160 корхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ва муҳайё намудани наздики 5000 ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шуд.
То ба имрӯз аз ҷониби соҳибкорон 92 корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1889 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа, дар вилоят имконияти афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда муҳайё гардида, бо ин васила ба диверсификатсияи содироти мол замина гузошта шуд.
- Соҳаи кишоварзӣ дар татбиқи ҳадафи стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дорад, бигӯед, ки барои рушди он дар вилоят кадом тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд?
- Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1698,9 млн. сомониро ташкил дод ва афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 104,7 фоиз баробар гардид. Истеҳсоли номгӯйи маҳсулоти асосии соҳа, ки тамоюли афзуншавӣ дорад, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 100,6 то 164,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла ҳосилнокии зироатҳо дар тамоми намудҳо, ба ғайр аз ғалладонагиҳо рӯ ба афзоиш овард. Ин тамоюл барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ аз ҳисоби маҳсулоти худӣ мусоидат намуда, дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои пешгирии болоравии нарх замина гузошт.
Имрӯз бозори истеъмолии вилоят бо ҳамаи намуди молу маҳсулот ва маводҳои хӯрока ба қадри кофӣ таъмин мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии вилоят мунтазам ярмарка-фурӯши маҳсулот ҷараён мегирад ва ин иқдом имрӯз низ идома дорад.
Дар минтақаҳои сераҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои фурӯши озоди маҳсулоти кишоварзӣ «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шудааст.
Барои ривоҷ додани соҳаи боғу токпарварӣ аз ҳисоби навъҳои серҳосили содиротӣ дар миқёси вилоят 990,7 гектар боғу токзор барқарор ва то ба имрӯз 3063 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуд. Бо ин васила барои афзун намудани иқтидори содиротии вилоят замина муҳайё гардид.
Зикр кардан бамаврид аст, ки сол аз сол дар гардиши савдои берунаи вилоят ҳиссаи содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст. Аз ин ҷост, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз вилоят наздик ба 119,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст. Ҳамзамон содироти маҳсулот на танҳо ба хориҷи кишвар, балки ба минтақаҳои мухталифи кишварамон низ ба роҳ монда шуд.
Баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина ба ҳолати 6 августи соли 2014 дар вилоят 31974 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис дода шуд ва 22185 нафар бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардид. Дар натиҷа, шумораи умумии саҳмдорони аз муҳоҷират баргашта 2878 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон дар самти азхудкунии мавзеи даштҳои бекорхобидаи Сомғор, Мирзоравот, Моҳпарӣ ва дар ин замина таъмини аҳолии минтақа бо манзили зист корҳо бомаром идома доранд.
- Имрӯз дар вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ, алалхусус сохтмон басо чашмрас аст. Иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд мегарданд…
- Дар вилоят фаъолияти бунёдкориву созандагӣ воқеан ҳам босуръат роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳафт моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 175,1 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.
Инчунин ба муносибати ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 240 иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 150 адади онҳо мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ 2059,1 км роҳҳо аз таъмиру тармими хушсифат бароварда шуд. Аз миқдори умумии роҳҳои таъмиршуда 30,3 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети вилоят мумфарш гардид. Барои ин кор зиёда аз 1,9 млн. сомонӣ сарф шудааст.
Таъмини иҷрои барзиёди Буҷети давлатӣ имконият медиҳад, ки дар радифи сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ арзи ҳастӣ намоянд.
Танҳо дар соҳаи маориф алҳол аз ҳисоби буҷети вилоят бунёди 21 муассисаи соҳа идома дорад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бошад, ҳафт муассисаи таълимӣ барои 3910 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон барои мактабҳои вилоят 5000 адад мизу курсӣ дастрас гардонда, 96,2 фоизи хонандагон ва 45 фоизи омӯзгорон бо либосҳои махсуси мактабӣ таъмин карда шуданд. Барои пурра таъмин гардидани мактабҳо бо мизу курсӣ ва либосҳои ягона дар оянда тадбирҳо андешида мешаванд.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ низ афзудааст. Барои мустаҳкам кардани пояи моддию техникии соҳа дар ин давра аз буҷети вилоят иловатан 2,9 млн. сомонӣ равона карда шуд.
- Ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ чӣ гуна аст?
- Бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаи иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
То 1 августи соли ҷорӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 1417 тонна ангишт ва 537 м. кубӣ ҳезум ва барои соҳаи маориф 6202,2 тонна ангишт ва 3946 м. кубӣ ҳезум захира карда шуд, ки таъминоти ин соҳаҳо бо маводи сӯхт ба ҳисоби миёна 50 — 70 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт ва соҳибкорон 702 нуқтаи фурӯши ангишт ва 356 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил гардидааст. Барои пурра омода намудани соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ба мавсими зимистонгузаронии навбатӣ аз ҷониби масъулин чораҷӯйиҳо идома доранд.
Пояи моддии соҳаи фарҳанг низ дар вилоят ботадриҷ мустаҳкам мегардад. Бо ин мақсад клуб ва хонаҳои фарҳанги шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд таъмир карда шуданд ва сохтмони бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Кӯҳистони Мастчоҳ давом дорад.
- Дар шароити имрӯза ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Роҷеъ ба ин самти муҳими фаъолият чӣ гуфтаниҳо доред?
- Бо дарназардошти андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилоят, дар маҷмӯъ 32990 адад ҷойҳои корӣ таъсис ёфтааст. Ин имкон дод, ки шумораи муҳоҷирон то ба 32111 нафар коҳиш ёбад. Пардохти саривақтии нафақа, аёдати оилаҳои ниёзманд, бесаробон ва ятимон низ мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи қабули шаффофи шаҳрвандон диққати зарурӣ дода мешавад. Барои мисол, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ (рӯзҳои шанбе) дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ ва Ғончӣ дар маҷмӯъ 1430 нафар шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят пазируфта шуданд.
Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, хосса байни ҷавонону наврасон ва занон, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки нисбати ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ тақвият ёбад.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»