Ноҳияи Айнӣ замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид барои рушд намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Аз ин ҷост, ки давоми 23 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди мактабу беморхона, варзишгоҳҳои хурду бузург, таъмиру таҷдид ва бунёди роҳу пулҳо, сохтмонҳои азими аср, аз ҷумла бунёди нақб ва неругоҳҳои барқи обӣ ва даҳҳо бунёдкориҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расидаанд. Ноҳияи Айнӣ низ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз як ҷашни Истиқлолияти давлатӣ то ҷашни дигар рушд менамояд. Давоми чанд соли охир дар ин ноҳияи кӯҳистон чандин иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуда, лоиҳаи бунёди боз чанд НБО-и хурд ва дигар коргоҳҳо мавриди баррасӣ қарор доранд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи зикршуда Ӯзбакой Каримова мегӯяд, ки сокинони ноҳияи Айнӣ дар қатори тамоми мардуми кишвар зимни омодагӣ ба истиқболи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшида, дар ҳамаи ҷанбаҳои хоҷагии халқ ба муваффақиятҳо ноил гардида истодаанд. Танҳо нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар зиёд шудааст. Бино ба гуфти номбурда, фақат овардани номгӯйи дастовардҳои ҳафт соли охир кифоя аст, ки суръати рушд ва бунёдкориву ободкориҳо дар ноҳияи Айнӣ бармало шавад. Аз ҷумла, ҷиҳати афзудани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Хати баландшиддати 500 кВт Ҷануб-Шимол, хати 220кВт Ғончӣ-Айнӣ, зеристгоҳи Айнӣ, бунёди неругоҳҳои барқи обии «Марзич» бо иқтидори 4,3 мгвт ва «Дижик» бо иқтидори 250 кВт/с аз зумраи иқдомҳое буданд, ки ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ амалӣ гардидаанд. Айни ҳол бошад, лоиҳаи бунёди НБО «Айнӣ» бо сармоягузорон мувофиқа шуда истодааст.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, бунёд намудани мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва дар ин замина таъмин намудани рушди маориф мебошад. Дар ноҳияи Айнӣ низ ба ин соҳаи муҳим диққати зарурӣ дода шудааст. То ин дам дар ноҳия 27 мактаб бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шудааст. Аз ҷумла дар деҳаҳои Шаватки Боло, Шаватки Поён, Похут, Рарз, Гузари Бод, Путхин, Сангистон, Дашти Сангистон, Дашти Хушекат, Ремон ва Вота мактабҳои нави муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизот сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани баъзеи онҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намудааст. Узбакой Каримова мегӯяд, ки муассисаҳои табобатии ноҳия низ давра ба давра таъмиру тармим гашта истодааст. Айни ҳол таъмири беморхонаи марказии ноҳия бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси вилояти Суғд идома дорад. Дар арафаи 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази саломатӣ дар шаҳраки Зарафшон азнавсозӣ ва пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Муассисаҳои фарҳангии ноҳия низ аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ баҳраманд гардидаанд. То ин дам чандин марказҳои фарҳангии ноҳия аз таъмир баромада, махзани китобҳо дар китобхонаҳо афзоиш ёфта, бо мизу курсӣ ва дигар лавозимот таъмин карда шудаанд. Аз ин ҷост, ки кормандони муассисаҳои фарҳангии ноҳия барои дар сатҳи баланд ва бошукӯҳу шаҳомат гузаронидани ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ масъулият эҳсос намуда, аҳлона меҳнат карда истодаанд.
Ӯзбакой Каримова дар идомаи суҳбат афзуд, ки ба хотири сазовор ва хотирмон ҷашн гирифтани 23-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ бо иқдомҳои созандаи Президенти кишвар, ки ҷашнҳои умумимиллиро бо ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун оғоз менамояд, дар ноҳияи Айнӣ якчанд бинои маъмуриву хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Мавсуф меҳмонхона дар деҳоти «Айнӣ», бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Фондарё», Ширкати металлургии «Анзоб» ва ҶММ «Талко-Ресурс»-ро ном бурд, ки дар арафаи ҷашнҳои зикршуда ба фаъолият оғоз намудаанд.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва суботи саросарӣ дар оянда низ кушиш менамоянд, ки бо обод намудани як гӯшаи диёр дар маҷмӯъ, ба ободии Тоҷикистони озод- Ватани маҳбуби ҳамаи мо саҳм гузоранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»