Ба дафтари кориам раиси Маркази фарҳангии русзабонони «Надежда»-и шаҳри Истаравшан Олег Владимирович Любимов даромад.
-Мехоҳам аз тариқи рӯзномаи шумо ба як вакили халқ изҳори сипос кунам,-гуфт ӯ.
Сокини маҳаллаи «Дӯстӣ» Галина Владимировна Кудряшева бо панҷ нафар аъзои оила ва хоҳари шавҳараш дар як хона зиндагӣ мекард, шароиташ ниҳоят вазнин буд. Ду сол боз аз пайи таъмини ҳамин оила бо қитъаи наздиҳавлигӣ овора будем, вале бо сабабҳои гуногун ин масъала ҳалли худро намеёфт. Бо хоҳиши мо ва дархости вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Абдусамад Ғафуров ин мушкиламон осон шуд. Абдусамад Ғафуров, ки ҳамеша аз пайи беҳдошти кору зиндагии интихобкунандагонаш мебошад, дар байни мардум обрую нуфузи калон дорад,-гуфт ӯ.
- Мувофиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр панҷ комиссияи доимӣ таъсис дода шудааст ва яке аз онҳо комиссияи доимӣ оид ба тараққиёти саноати маҳаллӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии иҷтимоиву маишӣ мебошад,-гуфт раиси ин комиссия Ҳаким Бобоев.
Бино ба гуфтаи мавсуф, аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 23 нафарашонро аъзои ҲХДТ ташкил мекунанд ва Абдусамад Ғафуров аз ҷумлаи фаъолон ба ҳисоб меравад. Ӯ дар пешрафти кори комиссияи доимӣ низ саҳми калон дорад.
- Абдусамад Ғафуров шахси коргар, кордон ва масъулиятшинос буда, бо интихобкунандагонаш зуд-зуд вохӯриҳо мегузаронад, аз аҳволи онҳо бохабар мешавад ва ба ҳалли мушкилиҳояшон кӯмаки амалӣ мерасонад. Масалан, ӯ дар таъмиру қумпӯш кардани роҳҳои харобгаштаи ҳавза, тунукапӯш кардани биноҳои истиқоматии маҳаллаи «Дӯстӣ», сохтмони фарши варзишгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани чандин интихобкунандагон дасти мадад дароз кардааст,-мегӯяд Ҳакимҷон Бобоев.
Абдусамад Ғафуров яке аз муҳандисони соҳаи хуби роҳсозист. Корро аз Идораи истифодабарии роҳҳои №7-и шаҳр оғоз кардааст. Аз соли 2008 инҷониб роҳбарии дастаи сайёри механиконидашудаи «МПМК-Ӯротеппа»-ро ба уҳда дорад. Бо роҳбарии ӯ ин корхона тайи солҳои охир дар кори сохта ба истифода додани биноҳои нави мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳаи Ободӣ (иборат аз 8 синфхона барои 260 нафар хонанда дар як баст), мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Тӯда бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, саҳм гирифтааст. Айни ҳол сохтмончиёни ин корхона ба эъмори бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр оғоз кардаанд.
Хизматҳои шоистаи муҳандиси роҳсоз ва бинокор Абдусамад Ғафуров бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (1982) ва нишони «Роҳсози фахрии Тоҷикистон» (2004) қадршиносӣ гардидааст.
Бо мақсади ошнойӣ бо кору фаъолияти ин вакили халқ дар шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан китоби гузоришу мавод ва мактубу дархостҳои вакили халқ Абдусамад Ғафуровро варақ задам. Ӯ тӯли се соли вакилӣ зиёда аз 30 адад мактубу дархостҳоро барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагонаш ба ШВКД, раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, сардори шабакаҳои барқи шаҳр, директори КМ «Оби зулол», вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Идораи «Истаравшангаз», менеҷери ҶС ширкати роҳи «АРС» ва ғайра фиристодааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»