КОНИБОДОМ. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Кирмакпарварони шаҳри Конибодом, чун соли пешин, аввалин шуда, қуллаи муродро фатҳ карданд. Тавре сардори Корхонаи фаръии «Пиллаи Конибодом» Рауфҷон Бобоҷонов иттилоъ дод, имсол кирмакпарварон аз 2700 қуттӣ тухмӣ 136 тонна ашёи пурқимати саноатӣ тайёр карданд, ки 101 фоизи нақша буда, ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ ба 51 килограмм рост меояд.
Дар дастоварди меҳнатии пиллапарварони шаҳр саҳми аҳли заҳмати Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Э.Бойматова, «Канди куҳан», «Дӯстӣ», ба номи М.Назаров, ба номи Н. Қарабоев ва «Патар» муносиб аст.