Дар ноҳияи Зафаробод кишоварзӣ соҳаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони ноҳияи мо аҳлона меҳнат карда, барои рушди соҳа тадбирҳои зиёдеро амалӣ карданд. Соли гузашта мо дар майдони 10310 гектар замин пунбадона кишт карда, сарфи назар аз мушкилоти пешомада, 18810 тонна «тиллои сафед» ба даст овардем, ки ин нисбати соли 2013 аз ҳар гектар як сентнерӣ зиёд мебошад. Дурнамои ғалладонагиро низ иҷро карда, истеҳсоли ин навъи зироатро ба 10 ҳазору 601 тонна расонидем ва ин нишондод нисбат ба соли 2013 як ҳазору 490 тонна зиёд мебошад, — гуфт сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия Қурбон Шодиев.
Бино ба гуфти мавсуф, дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти полезӣ сол то сол афзоиш меёбад. Соли 2014 дар майдони 1871 гектар маҳсулоти полезӣ кишт карда, 29388 тонна маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин давра барои чорвои ҷамъиятӣ низ хӯроки кофӣ захира карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар ноҳия қариб 35 ҳазор тоннаро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3126 тонна зиёд аст.
Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақа ба рушди боғу токпарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ноҳия 115 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 99 гектар боғ ва 16 гектар токзор бунёд шуда, 500 гектар боғу токзорҳои куҳна таҷдиду барқарор гардидаанд.
Дар пешрафти кори соҳа мутахассисон саҳми хоҷагиҳои кишоварзии шаҳраки Зафаробод ва шаҳраки Меҳнатободро назаррас мешуморанд. Хусусан ҳиммату ғайрати кишоварзони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «Зафар», «Логин», «Хайробод», «Ҷайҳун», ба номи М. Абдуллоев, «Роғун», «Рӯдакӣ» ва «Оброн»-ро дар иҷрои дурнамои сол арзанда мешуморанд.
-Айни ҳол зиёда аз 15 ҳазор гектар заминро аз шудгори хушсифат бароварда, кӯшиш карда истодаем, ки шудгори майдонҳои боқимондаро дар рӯзҳои наздик анҷом диҳем. Дар саҳро зиёда аз чор ҳазор тонна нуриҳои органикӣ захира карда, ба таъмири техникаҳои кишоварзӣ оғоз кардаем. Умед дорем, ки ин ҳама барои дастовардҳои оянда заминаҳои зарурӣ мегузоранд, — мегӯяд Қурбон Шодиев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»