Кишти баҳорӣ сар шуд

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар ноҳияи Ғончӣ нахустин шуда кишти баҳориро ғаллакорони хоҷагии деҳқонии «Сексарӣ» оғоз намуданд. Бино ба гуфти раиси хоҷагии мазкур Собир Раҳмонов, механизаторон давоми ду рӯз ба 50 гектар замин ҷави баҳорӣ кишт карданд. Дар ин маърака механизаторони кооперативи истеҳсолии ба номи Г. Қобилов низ ба кор ҷалб шуданд. Ин ташаббусро хоҷагиҳои деҳқонии ба номи У. Ёқубов ва «Қалъаи Эшон» ҳам пайравӣ карда, кишти баҳориро оғоз намуданд.