БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Деҳқонони бригадаи № 7-уми хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда, кишти пунбадонаро оғоз намуданд. Кишоварзони хоҷагии мазкур азм доранд, ки дар 1,5 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронанд. Сардори шуъбаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Аюбҷон Очилов гуфт, ки имрӯзҳо дар ҳама ноҳияҳои пахтакори вилоят кишти пунбадона оғоз шуда, рӯз ба рӯз вусъат меёбад. Имсол пахтакорони вилоят дар майдони 64150 гектар замин пунбадона кишт мекунанд.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон