Китобдорӣ нигоҳи навро тақозо дорад

№62 (3208) 12.06.2014

Дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд семинари омӯзишӣ таҳти унвони  «Таҷдиди самтҳои асосии фаъолияти китобдорӣ» баргузор шуд. Дар семинар муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода, директорон ва мудирони шуъбаҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ, такмил ва коркарди адабиёти китобхонаҳои низоми марказонидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

-Мутахассисони соҳаи китобу китобдорӣ роҷеъ ба такмили фонди китобхона, манбаъҳои асосии он, барасмиятдарории адабиёти воридшуда, гурӯҳбандӣ ва таснифи адабиёт дар фондҳои китобхона, феҳрист ва феҳристнигорӣ, навъи феҳристҳо, мақсад, вазифа ва тафовути онҳо, вижагиҳои тасвири библиографии аснод, тасвири асарҳои муаллифон, хусусиятҳои хоси тасвири китобҳои электронӣ, истифодаи технологияи нав дар фаъолияти китобхона, дастёбӣ ба манбаҳои электронӣ ва истифодаи он дар раванди хизматрасонӣ, вижагиҳои китобноманигорӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, санҷиш ва ташхиси захираи китоб, бунёди сомонаҳои махсуси электронии китобхонаҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлол, ба танзим даровардани низоми ягонаи коргузории тахассусӣ ва қабулу мавриди истифода қарор додани вожаҳои маъмул ва истилоҳномаи соҳаи китобдорӣ мубодилаи афкор намуданд. Баргузории чунин семинарҳо ба таҷдиди фаъолияти кормандони махзанҳои маърифатӣ ва иттилооотӣ мусоидат менамояд,- гуфт ба хабарнигорамон Ш. Комилзода.

Дар доираи семинар директори Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ Мунавархон Дамонова сомонаи китобхонаи мазкурро дар шабакаи Интернет (www.asiri.tj) муаррифӣ кард.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»