Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки ин дафъа масъалаи мазкур тариқи «Равзанаи ягона» доир гардид, ки қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳоро осонтар намуд. Муроҷиаткунандагонро пеш аз мулоқот роҳбарони аввали сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти қудратӣ ва корхонаву ташкилотҳои муваззаф қабул карда, арзашонро гӯш мекунанд ва дар ҳоли мавҷудияти имконият қазияро дар ҷояш ҳал менамоянд. Дар ҳоли набудани чунин имкон масъала ба раиси вилоят ва кормандони масъул пешниҳод мегардад.
Қабули шаҳрвандон бо ин тарз дар Истаравшан санаҳои 17 ва 18 апрел давом кард. Рӯзи аввали қабул дар толори маҷмааи фароғатии «Муҳаббат», воқеъ дар деҳотҳои «Гули Сурх» баргузор шуд. Дар он сокинони деҳотҳои «Гули Сурх», «Қалъачаи калон», «Сабристон», «Нофароҷ», «Ниҷонӣ» ва шаҳри Истаравшан иштирок доштанд. Дар рӯзи аввал 96 нафар сокинони 5 деҳот ва зиёда аз 20 маҳаллаи шаҳр бо 106 масъала ба роҳбарони шуъбаву сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту корхонаҳои дахлдор муроҷиат намуданд.
Масъалаҳои асосие, ки мардумро ба муроҷиат водор намуда буданд, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъмиру таҷдиди манзилҳои истиқоматӣ, мактабу маориф, таъминот бо ҷойи кор, оби нӯшокӣ ва ғайра буд.
Мардум аз чунин тарзи қабул хушнуду қаноатманд аз толор берун мешуданд. Таваҷҷуҳи маро мӯйсафеди нуроние ба худ ҷалб кард. Ӯ ҳоҷӣ Мирраҷаб Тешаеви 86-сола, раиси кумитаи маҳаллаи шаҳраки «Дилшод»-и деҳоти «Қалъачаи калон» будааст.
-Ман бо се масъала: сохтмони бинои нави мактаби №50- уми деҳаи Обҷувоз, таъмири роҳи байни Гули Сурх-Осоишгоҳи «Ӯротеппа» ва кашидани хати оби нӯшокии деҳаи Обҷувоз муроҷиат кардам. Бо масъалаи мактаб маро сардори раёсати маорифи вилоят, масъалаи роҳ-сардори идораи нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо қазияи об сардори хоҷагии оби вилоят қабул карданд. Ваъда доданд, ки масъалаи сохтмони мактабро меомӯзанд ва ба нақша мегиранд. Роҳ бошад, то 1 август мумфарш мешудааст, кашидани хати оби нӯшокӣ бошад, дар нақша будааст ва гуфтанд, ки ба ҳисоб мегиранд,-гуфт қаноатмандона ҳамсуҳбатам.
Рӯзи дигар чунин қабул дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳоти «Пошкент» доир гардид. Дар он сокинони деҳотҳои «Пошкент», «Зарҳалол», «Чорбоғ», «Қалъаи Баланд» ва «Ҷавкандак» иштирок карданд. Дар ин рӯз 91 нафар сокинони ин деҳотҳо беш аз 109 масъаларо мавриди баррасии масъулин қарор доданд.
Ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва корхонаҳои хурд, таъминот бо оби полезию нӯшокӣ, кам будани ҳаҷми нафақа, таъмиру таҷдиди бинои мактаб, муассисаҳои тандурустӣ, кӯмаки моддӣ, таваҷҷуҳ ба варзиш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз масъалаҳое буданд, ки паҳлуи дигари муроҷиати шаҳрвандонро ифода менамуданд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қисмати аввали рӯзҳоро дар боздид аз корхонаю ташкилот, хоҷагию ҷамоатҳои деҳот, иншооту муассисаҳо гузаронида, дар қисмати дуюми он дар Кохи фарҳангу маорифи ба номи Раҳмон Маҳмудови шаҳр ва хоҷагии деҳқонии «Қирғизбой»-и деҳоти «Пошкент» бо мардум мулоқот доир намуд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар оғози суханронии худ аз тарзи корбарии роҳбарияти шаҳри Истаравшан оид ба қабули шаҳрвандон изҳори қаноатмандӣ кард.
Чун масъалаи тақсимоти замин аз масъалаҳои мубрами муроҷиаткунандагон ба ҳисоб меравад, раиси вилояти Суғд роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва кумитаи замини вилояту масъулини дигарро вазифадор намуд, ки дар муддати як моҳ муаммои тақсимоти замини наздиҳавлигиро дар тамоми шаҳру деҳоти шаҳри Истаравшан пурра ҳал намоянд.
Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бо роҳи ҳашару истифода аз саҳми соҳибкорон ривоҷу равнақ додани сохтмони иншооти таълимию табобатӣ, беҳдошти кори мактабу маориф, таъмини таҳсили духтарон дар зинаҳои болоии мактаб, иҷрои нақшаи даъват ба артиши миллӣ ва дигар масоили рӯзгори ҷомеа мавриди таҳлили раиси вилояи Суғд қарор гирифта, баҳри иҷрои онҳо супоришу дастурҳои заруриву мушаххас дода шуд.
Қобили ёдоварист, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тайи сафари дурӯзаи худ ба шаҳру деҳоти Истаравшан аз қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, сохтмони бинои нотамоми Ҷамоати деҳоти «Сабристон» низ дидан кард. Ҷӯшу хурӯши ҳашар дар ин иншоот таваҷҷуҳи раиси вилоятро ҷалб намуд ва ӯ барои босифати баланд анҷом ёфтани ин сохтмон аз ҳисоби буҷети вилоят 60 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Ҳамзамон барои ба анҷом расонидани сохтмони нотамоми таваллудхонаи шаҳр низ зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Ҳангоми шиносойӣ аз лоиҳаи таъминоти оби нӯшокии сокинони деҳаҳои «Боғи Калон» ва Сахсиёни деҳоти «Гули Сурх» раиси вилояти Суғд иброз намуд, ки барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони ин деҳаҳо аз буҷети вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд инчунин бо рафти азнавсозии хонаи саломатии деҳаи Боғи Калон, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Ҳамдамов бо хароҷоти 250 ҳазор сомонӣ таҷдид мегардад, шинос шуд. Ваъда дод, ки баробари ба итмом расидани ин иншоот ба он як адад автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» туҳфа менамояд.
Раиси вилояти Суғд дар маросими кушодашавии толори нави варзишии мактаби бачагонаи варзишии шаҳр, ки бо ибтикори волидайн ва собиқ дастпарварони ин мактаб бо харҷи 670 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст, иштирок намуд. Ӯ ҳамчунин бо кори хоҷагии навтаъсиси моҳипарварии «Бадри Нур», осоишгоҳи «Ӯротеппа», сохтмони бинои нави мактаби деҳоти Навгандаю Навкати деҳоти «Зарҳалол», ки барои он аз буҷети вилоятӣ 1,4 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, бинои мактаби нави деҳаи Сӯфӣ Орифи деҳоти «Зарҳалол» шинос гардида, изҳор дошт, ки барои сохтмони ин мактаб аз буҷети вилоятӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳини ин шиносойиҳо аз ҷониби раиси вилоят баҳри вусъати кору беҳдошти вазъ маслиҳату машварат ва дастурҳои муфид ироа гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин сафари раиси вилоят 41 нафар маъюбони шаҳру деҳоти Истаравшан соҳиби аробачаҳои маъюбӣ шуданд.
Қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» таҷрибаи лоиқи омӯзиш ва дастгирист.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,«Садои мардум»