Ихтилофи сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон 11 январи соли 2014, ки боиси тирпарронии ҳар ду тараф гардид, ғалоғулаи зиёдеро ба миён овард. Ҳатто овозаҳо дар бораи ҷанг паҳн шудан гирифтанд. Ҳоло вазъият оромтар гардидааст: ҷонибҳо аҳд карданд, ки дар давоми ду рӯз қӯшунҳоро аз қитъаҳои мусолиҳанашудаи сарҳади муштарак дар мавқеи анклави Ворухи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткенти Қирғизистон, ки ихтилофи мусаллаҳона дар он ҷо рӯй дод, ақиб баранд. Вале, ба фикри коршиносон, кор то ба дараҷаи пурра ҳал шудани ин вазъият ҳанӯз нарасидааст.
Коршиноси шинохтаи масоили Осиёи Марказӣ, доктори илми таърих, шарқшинос Александр Князев зимни як мусоҳиба бо Дафтари иттилоотии «Notum» назари худро перомуни мушкилоту усулҳои ҳалли ин ҳодиса чунин баён кардааст:
-Александр Алексеевич, шумо муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро дар ҳошияи равобити байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ҳамаи давраҳои муносибатҳои пасошӯравии Қирғизистону Тоҷикистон, хусусан дар манзари муносибатҳои мураккабу баъзан комилан ҳарифонаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, басо некхоҳона ба назар мерасиданд. Вале ин акси оина буд. Ихтилофи байни турку форсҳо дар сатҳи иҷтимоию фарҳангӣ, мухолифати кӯчманчиён бо кишоварзон, тасаввуроти таърихӣ дар бораи кӯчманчиён, ки аҷдодони тоҷиконро аз масоҳати бузурги минтақа пеш карда буданд, ҳамеша мадди назар буд. Ба монанди мураккабиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар мисоли мушаххаси минтақаи Исфара, ки мо дар бораи он ҳарф мезанем.
-Ҳар ҷониб дар мавриди ҳодисаи 11 январи соли 2014 тафсири усулии худро дорад, вале дар ҳар маврид ягон ҷониб аввал шурӯъ кардааст. Ҳоло ин, шояд, на он қадар муҳим аст, зеро муноқишаҳо дар ин минтақаи сарҳад зуд – зуд сар мезананд. Вале, бо вуҷуди ин, ба фикри шумо чӣ рух дод, ривояти кӣ «ҳақиқатпазиртар» ба назар мерасад ва оё истифодаи яроқ ва тирпарронӣ аз миномётҳо асос дошт?
-Ҳоло аз тарафи кӣ сар шудани тирпарронӣ масъалаи асосӣ нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мувофиқаҳои дутарафаро кӣ ва чӣ гуна вайрон кардааст. Ҷониби Қирғизистон бо аз нав сар кардани сохтмони роҳ дар қитъаи аниқнашудаи сарҳад ин мувофиқаро вайрон кард.
-Сабаби ихтилофот давом додани сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой - Тандиқ аз ҷониби Қирғизистон дониста мешавад, ки Тоҷикистон зидди он эътироз мекунад. Оё ин сабаби ягона аст, чаро сарҳад то ҳол демаркатсия нашудааст ва оё ҷонибҳо дар ин масъала умуман кӯшиши ҷиддӣ кардаанд?
-Сабаби асосӣ иборат аз норозигии доимии ҳар ду ҳудуди ҳамсарҳад вобаста ба муддати даҳсолаҳо ҳал нашудани проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ин масъала чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон бо тарзи гуногун ва дар шаклҳои мухталиф ҷилвагар мешавад. Бар замми ин беаҳамиятӣ дар масъалаҳои сарҳад низ ба назар мерасад. Ин мушкилоти на фақат сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, балки мушкилоти сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон низ мебошад, агарчӣ дар мавриди охирин сатҳи шиддат хеле паст аст. Бо вуҷуди ин, Қирғизистон нисбат ба Қазоқистон даъвоҳои марзӣ дорад. Ин даъвоҳо на аз шахсони расмӣ, балки аксаран аз мухолифин ба гӯш мерасанд, вале ба ҳама фаҳмост, ки дар сурати мавҷуд будани бесарусомонии Қирғизистон ин мардум ҳар лаҳза метавонанд ҷойҳояшонро иваз кунанд. Ин барои Қирғизистон дар навбати аввал масъалаи беасосии давлат чун ниҳоди идораи ҷомеа ба шумор меравад.
-Ҳама шуниданд, ки дар сарҳад тирпарронӣ сар зад. Ҳамчунин маълум шуд, ки сокинони Боткент аз 11-уми январ занону кӯдаконашонро аз хонаҳояшон берун кардаанд… Бо вуҷуди ин, мавқеи расмии ҷонибҳо чӣ гуна буд ва оё ин мавқеъ қобили қабул буд, ё баръакс, вазъиятро муташанниҷ месохт?
-Ман, хусусан аз ҷониби Тоҷикистон ягон изҳоротеро, ки вазъиятро муташанниҷ созад, ҳис накардам. Дар Қирғизистон ноиби Сарвазир оид ба мудофиа Тоқтоқучуқ Мамитов дар рӯзи аввал изҳор дошт, ки сабаби ихтилоф амали банақшагирифтаи ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Шахсони расмии Душанбе ба додани изҳорот ва алалхусус ба додани изҳорот дар бораи ин гуна айбномаҳо шитоб накарданд. Дар он ҷо ҳатто журналистон мақомоти қудратиро, ки воқеаҳоро шарҳ медиҳанд, айбдор намуданд, ҳатто сухан дар бораи «ҷанги иттилоотӣ» — ро бохтани Тоҷикистон мерафт. Дар Қирғизистон итоатгарони Мамитов ба воситаҳои ахбори омма аз ин хусус хабарҳои иғвогарона медоданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон шабона ҳамла кардааст, қӯшунҳо ҷамъ оварда шудаанд ва ғайра. Асли иғво аз Бишкек маншаъ мегирад, ки бояд ба ҷузъиёти он сарфаҳм рафт.
-Баъди тирандозӣ Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон баст. 14- уми январ бошад, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Урмат Саралаев- сафири худ дар Душанберо барои машварат бозхонд. Муҳлати баргашти ӯро то ба поён расидани таҳқиқот оид ба даргириҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон номуайян гузошт. Чаро Қирғизистон мавқеи худро ҳамчун «ҷониби ҷабрдида» ин қадар ба маърази намоиш гузоштааст? Дарвоқеъ ин амал ба чӣ марбут аст ва Бишкек аз ин чӣ судеро бурдан мехоҳад? Оё дар Душанбе ягон тадбири симметрии ҷавобӣ дида шуд?
-Боткент барои Қирғизистон – минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷудошудаи тақрибан бунбастшуда ва бисёр печида аст. Ва идомаи мухолифатҳои мусаллаҳона яроқи ягонаи воқеии Бишкек аз лиҳози пуркунии фазои иттилоотӣ бо тафсирҳои худӣ ва ҷалби қувваҳои сеюм мебошад. СААД, ки муваззаф нест дар чунин ихтилофҳо ширкат намояд, билофосила худро аз ҳама гуна дахолат дур сохт. Шояд онҳо мехостанд САҲА ё бархе дигар аз танзимотро даъват созанд, то авлавият ба даст оранд… Мавқеи Душанбе дар қазияи мазкур таҳрикомез набуд.
-Оё мавқеи кишварҳои ҳамсоя ё шояд ҳамсояи на он қадар наздики Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба даргирии мазкур маълум аст? Иттилооте расида буд, ки Тошкент фаъолона Душанберо ба ҷанг тела медод?
-Ҳеҷ гуна вокунише аз ҷониби онҳо набуд, зеро муносибот бо ҳамсоякишварҳои наздик он қадар содда нест. Бо Тошкент, чун бо Бишкек муносиботи Душанбе ғайридӯстона унвон дода мешавад, ҳатто аз он ҳам бадтар, то ҳадди реҷаи раводидӣ ва қатъи ҳама гуна робитаҳои нақлиётӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Ва дар чунин даргирӣ шахсан ман манфиате барои Тошкент намебинам. Дар он ҷо то худи Тошкент, камтар аз 200 километр то шаҳр, минтақаҳои мушкилсози Намангон, Қӯқанд, Фарғона ва ғайра ҷойгиранд. Чунин фикр мекунам, ки дар Тошкент хабари даргирии мазкур боиси дарди сари навбатӣ гардидааст. Мавқеи Қазоқистон барои касе аён нест. Танҳо маълум аст, он дар доирае қарор дорад, ки роҳбарияти СААД барояш иброз дошта буд. Дар танҳоӣ ба ин даргирӣ дахолат намудани Қазоқистон ҳеҷ зарурате надорад. Ҷумҳурии Халқии Хитой чун анъана рафти қазияро назорат намуд. Дар Афғонистон бошад, бе ин ҳам мушкилоти худашон кифоя аст.
-Ба ақидаи шумо ин мухолифат бо чӣ меанҷомад? Оё дар ин қазия миёнҷӣ лозим аст? Кӣ ва ё чӣ омиле метавонад ба қатъ шудани шиддатнокӣ ва набард мусоидат намояд?
-Барои роҳандозии манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар дар ду пойтахт -дар Бишкек ва Душанбе ҳокимияти қонеъкунандаву амалкунанда лозим аст. Омили дигаре вуҷуд надорад.