ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Чанде пеш «Корвони китоб» ба шаҳри Хуҷанди маркази вилояти Суғд ворид гардид. Маросими супоридани 14 ҳазор китоби гуногун дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ҳамчунин шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат доштанд. Китобҳоро намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ҳошияи чорабинии «Корвони китоб» аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхона тақдим намуданд.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон