КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш корвони иборат зиёда аз се ҳазор адад китоби тозанашр вориди вилояти Суғд гашт. Дар доираи ин иқдом, бино ба иттилои корманди масъули дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Солеҳаҷон Ваҳҳобова, як идда ноширону адибон, аз ҷумла директори нашриёти «Адиб» Фарҳод Каримов, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ, адибони шинохта Ӯрун Кӯҳзод ва Мирзо Шакурзода ба ин шаҳр ташриф оварданд. Мулоқоти сершумори дӯстдорони каломи бадеъ дар майдони адибони шаҳр дар пояи муҷасаммаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваст. Дар анҷоми мулоқот фурӯши китобҳои тозанашри нашриёт ба ташнагони назму наср хушҳолӣ бахшид.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон