Касбомӯзони литсейи касбии техникии №14-уми шаҳри Истаравшан ба истеҳсоли нахустин кошини тоҷик дастёб шуданд
Дар литсейи касбии техникии №14-уми шаҳри Истаравшан нахустин теъдоди кошини қадимаи замони Сомониён тавлид ёфт. Ин ихтироъ аз ҷониби устои таълимии гурӯҳи кошинкории ҳамин боргоҳи ҳунар Абдулло Ҷумъабоев бо ҳамроҳии шогирдонаш сурат гирифт. Дар рӯйи кошини нахустин таҷассум ёфтани акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо рамзист. Атрофи акси Сарвари давлатро нишони қадимаи ориёиҳо зеб медиҳад ва нишони мазкурро тамошобинон дар кошини иморатҳои қадимаи тоҷикон, аз ҷумла ансамбли ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд, мадрасаҳои шаҳри Бухоро, мақбараҳои Гумбади Сабзи шаҳри Истаравшан, Муҳаммад Башорои шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ борҳо дидаанд. Дар рӯзи зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – 5-уми октябр истеҳсоли нахустин кошинҳо дар ин ҳунаристон фоли нек аст, зеро, ба қавли сарвари ин ҳунаристон Нуриддин Тӯйчиев ин кор таърихи худро дорад.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақби Шаҳристон, ки тантанаҳои он дар шаҳри Истаравшан доир шуда буданд, бо натиҷаҳои дастони пурэъҷози ҳунармандони шаҳр, аз ҷумла дастпарварони литсейи касбии техникии №14 низ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо мо ба Ҷаноби Олӣ дар бобати дастовардҳои литсей нақл намуда, аз он кас хоҳиш карда будем, ки дар ҳолати дастгирӣ ёфтан мо метавонем дар коргоҳамон истеҳсоли кошини тоҷикро ба роҳ монем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси моро дастгирӣ карда, ба раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода супориш дода буданд, ки ин иқдоми некро дастгирӣ кунанд. Ин иқдом ҷонибдорӣ гардид ва инак, нахустин теъдоди он истеҳсол шуд.
Кошинҳои ихтироъкардаи ҳунармандони ин боргоҳи ҳунар аз нигоҳи мустаҳкамӣ низ ба ҳар гуна гармиву сардӣ тобовар буда, аз хиштҳои оддии имрӯза ба дараҷаҳо тафовут мекунад.
-Мо минбаъд дар сурати зарурат, тибқи фармоиши фармоишгарон, метавонем миқдори кошинҳои истеҳсолшавандаро ба дараҷаҳо афзоиш диҳем. Дар ихтиёри ин боргоҳи ҳунар имрӯз ду танӯри калони кошинпазӣ ва як бухории барқӣ қарор дорад, ки метавонад дар як шабонарӯз зиёда аз ҳазор адад кошинҳои хушсифатро истеҳсол намояд. Ҳоло дар гурӯҳи кошинсозии мо даҳ нафар ҷавонони болаёқат таҳсил карда истодаанд ва метавонанд ин ҳунарро ба дараҷаи баланд уҳда намоянд. Ҳунаристон аллакай аз ҷониби чандин корхонаву ташкилот дар мавриди истеҳсоли кошинҳои миллии тоҷикӣ фармоишҳо гирифтааст ва умед дорем, ки дар оянда низ талабгорони чунин кошинҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ афзоиш меёбад, — мегӯяд сарвари таълимгоҳ Нуриддин Тӯйчиев
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»