КОНИБОДОМ. ( Дадоҷон АЛИЗОДА) Яке аз нахустин таълимгоҳҳои сохти нав дар шаҳри Конибодом Литсейи №1 маҳсуб меёбад. Ҳоло дар он 350 нафар наврасон таҳсил карда истодаанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 31 нафар омӯзгорон машғуланд. Ба қарибӣ хонандагону муаллимон ба Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар бобати ба номи олими маъруф Мансурхон Бобохонов номгузорӣ намудани таълимгоҳашон дархост пешниҳод намуданд.
Ба наздикӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати чорум) пешниҳоди Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро оид ба дархости хонандагону муаллимони литсей пазируфта, дар бобати ба ин таълимгоҳ додани номи профессор М.Бобохонов қарор қабул кард.