Маҳфили шеъри Фарзона

№136 (3282) 18.11.2014

Дар Қасри Арбоб маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ бо иштироки васеи ҳаводорони шеъру адабиёт доир гардид.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни иштирок ва суханронии худ изҳор дошт, ки мардумони олам пайваста аз шеърҳои волою қудсии суханварони машҳури тоҷику форс, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саноӣ, Низомӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо бузургони дигар баҳраманд гардида, дар заминаи мероси аҷдоди сухандону суханпарвари мо пояҳои адабиёти худро ниҳодаанд.

Мавсуф Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ — Фарзонаро вориси арзандаи устодони бузурги адабиёт хонда, иброз дошт, ки ин суханвар тавонистааст, ки худро ба сифати шоираи тозапардозу тозаэҷод маълум созад.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин шеърҳои Фарзона дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» соли 1983 дарҷ гардидаанд. Минбаъд чакидаҳои килки маънисозу тасвирпардози ӯ дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Садои мардум» чоп шудаанд. Офаридаҳои аввалини Фарзона дар маҷмӯаи «Тулӯи хандарез» (Душанбе, 1987) нашр шудаанд.

Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ бо номҳои «Шабохуни барқ» (Душанбе, 1989), «Ояти ишқ» (Душанбе, 1994), «То бекаронаҳо» (Хуҷанд, 1998), «Меъроҷи шабнам» (Душанбе, 2000), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Муҳри гули мино» (Хуҷанд, 2006), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Саду як ғазал» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011) ва ғайра ба табъ расиданд.

Соли 2003 мунтахаби ашъори Фарзона таҳти унвони «Қатрае аз Мӯлиён» дар се ҷилд тавассути нашриёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров — «Нури маърифат» ба чоп расид.

Имсол дар нашриёти  «Адиб» бо номи «Дарёи сӯзон»  мунтахаби мақолаҳо ва сафарномаҳои шоир чоп шуд.

Шеърҳои Фарзона дар Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Франсия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва ғайра чоп шудаанд.

Дар маҳфили шеъри Фарзона ҳунармандони маъруф Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Афзалшо Шодиев, Муродбек Насриддинов, Хосияти Зарафшонӣ, Мастона Эргашева ва ровии шинохта Ортиқи Қодир шеъру таронаҳои шоираро қироат ва замзама намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО