ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар майдони назди бинои бунёдшудаистодаи «Толори варзишӣ»-и шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин маърака беш аз ду ҳазор бех ниҳоли ороишиву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ беш аз даҳ ҳазор ниҳол шинонида мешавад. Ниҳолҳои шинонидашударо асосан боғдорони ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Турсунзода парвариш намудаанд.