Майдони боғот васеъ мешавад

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Боғдорону хоҷагидорони шаҳри Истаравшан нақшаи бунёди боғу токзори навро дар майдони 72 гектар иҷро намуданд. Бо ин мақсад аз хоҷагии деҳқонии «Руганд» ва хоҷагии ниҳолпарварии шаҳр 29 ҳазор бех ниҳоли тухмдору донакдор дастрас гардид. Хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ниҷонӣ» ва «Ҷавкандак» низ аз иҷрои нақшаи бунёди боғ мужда доданд. Ҳамчунин азнавбарқароркунии боғу токзорҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Гули Сурх», «Чорбоғ», «Зарҳалол» ба анҷом расидааст.