Бо Қарори раиси вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон»- и вилояти Суғд таъсис дода мешавад.
Бино ба иттилои сардори Хадамоти матбуотии раиси вилоят Музаффар Юнусов муассиса марбути Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, ҳадаф аз таъсиси он омода ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ташаккулёбӣ ва баланд бардоштани сатҳи футбол ва мавқеи бозии миллии чавгон, маънавиёту рӯҳияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон тавассути машғулиятҳои таълимӣ, инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад.
- Бояд гуфт, ки таблиғу ташвиқи футбол ва чавгон, ташаккули тарзи ҳаёти солим байни кӯдакону наврасон, тайёр намудани футболбозону чавгонбозони бомаҳорат, тайёр кардани кадрҳои варзишӣ ва доварон, мусоидат ба рушди футбол ва чавгон ба воситаи фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва истифодаи натиҷаҳои бадастовардашуда, нигоҳдорӣ ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва илмии наврасону ҷавонон аз муҳимтарин вазифаҳои мактаби мазкур ба шумор меравад. Мактаби мазкур дар назди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки дорои тамоми шароити зарурӣ аст, ҷойгир карда мешавад, -гуфт дар фарҷом М.Юнусов
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»