ҚАЙРОҚҚУМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Қайроққум маркази нави фароғативу истироҳатии кӯдакону наврасон бунёд гардида, он дар рӯзҳои нахустини таътили тобистона ба фаъолият оғоз намуд. Зикр бояд кард, ки ин марказ дар заминаи собиқ осоишгоҳи «Уқобча»-и КВД «Востокредмет» бо супориши Президенти кишвар ва сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон азнавсозӣ шудааст. Маркази нави фароғативу истироҳатии кӯдакону наврасон 20 гектар масоҳат дошта, дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад. Истироҳатгоҳ дар як вақт имкони фарогирии 300 нафарро дорост.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон