Мутахассисони тоҷик ва қирғиз дар Эстония бо таҷрибаи пешқадам оид ба масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад шиносоӣ пайдо карданд
Чанде пеш сафари панҷрӯзаи мутахассисони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Эстония барои шиносоӣ бо таҷрибаи ғанӣ дар самти демаркатсия ва делимитатсия ба анҷом расид.
Мулоқоти мазкур дар ҳамбастагӣ бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ва Маркази ин созмон дар Бишкек дар ҳамкорӣ бо Маркази Женева оид ба назорати демократӣ бар қувваҳои мусаллаҳ ташкил карда шуд. Дар мулоқот намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия ва қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби Қирғизистон низ дар боздид намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, котиботи Ҳукумат оид ба масъалаҳои сарҳад ва қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд. Политсия ва Хадамоти ҳифзи сарҳади Эстония меҳмононро пазироӣ ва ҳамроҳӣ карданд. Иштирокчиёни мулоқот аз қитъаҳои сарҳадии Эстонияву Россия дидан ба амал оварданд.
Тавре барои хонандагон маълум аст, сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол пурра муаяйн нашудааст. Аз ин лиҳоз, мақсади асосии сафарро шиносоии иштирокчиён бо усулҳои ташкили кори қӯшунҳои сарҳадии эстонӣ дар тӯли қитъаҳои сарҳадии Эстонияву Россия, ки низ ҳанӯз мушаххас нест, дар бар мегирифт. Ширкаткунандагони ин чорабинии муҳим, инчунин бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи делимитатсия ва демаркатсияи хатҳои сарҳадӣ ва усулҳои пешқадами кори онҳо шинос шуданд. Иштирокчиён аз қитъаҳои гуногуни сарҳади Эстонияву Россия боздид намуданд ва намояндагони қисмҳои ҳарбии Россияву Эстония назди онҳо маърӯзаҳо карданд.
Бояд зикр намуд, ки мутахассисони тоҷик пеш аз сафар ба Эстония, аввали моҳи июл, дар Душанбе доир ба аз байн бурдани низоъҳо махсус ба таълим фаро гирифта шуда буданд.
Таҳияи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»