Дар машқгоҳи «Чоруқдаррон»-и Маркази таълимии гарнизони Суғд машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони «Ҳифз — 2013» баргузор гардиданд.
Дар машқҳо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар вилояти Суғд мустақаранд ва як взводи тирандозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат намуданд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Аъзам Қосимов суханронӣ намуда, сарбозону афсарони ҳар ду кишварро хайра мақдам гуфт.
Сардори Раёсати фаврӣ, муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Тоҳир Хайруллоев, ҷонишини Сарфармондеҳи Раёсати минтақавии ҷанубу ғарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон подполковник Урматбек Усаков низ сухан карда, гуфтанд, ки ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи ҷангӣ дар ташкили амалиёти муштараки зидди террористӣ дар шароити кӯҳистон, ҳамоҳанг намудану сайқал додани маҳорати касбии ҷузъу томҳо дар самти омодагӣ ва дар амал татбиқ намудани амалиёти зиддитеррористӣ, таъмин намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва бехатарӣ дар минтақа, табодули таҷрибаомузӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористӣ мебошад.
Ба машқҳои муштараки зиддитеррористӣ беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб гардида, чархболҳои ҳарбӣ, техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, тӯпҳо ва яроқу аслиҳаи гуногуни оташфишони ҳарбӣ истифода шуданд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»