Хуҷанд. ( Мухтори Абдулло, «Садои мардум») Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Каримбой Комилов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» И. Зокиров, раиси суди ҳакамии шаҳри Хуҷанд М. Ҷӯраева суханронӣ карданд.
Ҳамчунин намояндагони воситаҳои абори омма, аз ҷумла сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» И. Бобоев, роҳбари ширкати радио ва телевизиони «Азия» А. Акбаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Панҷшанбе» А. Абдуваҳҳобов ва дигарон оид ба риояи одоби касбӣ, меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.