Ҳашт сол аст, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшанро собиқадори меҳнат, яке аз афроди бофарҳангу соҳибмаърифат Абдуваҳҳоб Қаюмов сарварӣ менамояд.
Абдуваҳҳоб Қаюмов тамоми умри босамари хешро дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист, Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр сипарӣ карда, зиёда аз ҳафт сол муовинии раиси шаҳрро ба уҳда дошт. Ӯ дорандаи медалҳои «Меҳнати шуҷоатнок», «Барои хизмати шоиста» «Собиқадори меҳнат», даҳҳо ифтихорномаҳо, нишонҳои Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон, нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, даҳ даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардидааст.
-Муҳтарам Абдуваҳҳоб Қаюмов, шумо таҷрибаи зиёди рӯзгор андӯхтаед. Лутфан бигӯед, ки муҷиби мавриди баррасӣ қарор гирифтани масъалаи такмили тарбияи ватанпарастӣ, интернатсионалӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр аз чӣ иборат аст?
-Ҳодисаҳои шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳу аҳзоби ғайриқонунӣ, коҳиш ёфтани масъалаи ахлоқ дар байни ҷавонону наврасон танҳо мансуби ҷомеаи имрӯзаи мо набуда, балки қазияи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2011 Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ташкилотҳои собиқадорони ИДМ ба ҷавонон Муроҷиатнома қабул карда, дар ин бобат изҳори нигаронӣ карда буд. Дар ин Муроҷиатнома аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешуд, ки алорағми гурӯҳҳои алоҳида, ки бо кӯшишҳои ғаразнок мехоҳанд ба дӯстию бародарии сокинони ин кишварҳо ва миллатҳои гуногун низоъ андохта, онҳоро аз ҳам ҷудо намоянд, парчами дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми калонсолон, дӯстдории Ватану марзу бум ва ягонагию муттаҳидиро баланд бардоранд. 20 ноябри соли 2012 дар маҷлиси муштараки Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи собиқадорони ҷанг ва хизматчиёни ҳарбӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, байналмилалӣ ва ахлоқии ҷавонон ин масъала муҳокима шуда буд. Қарори ин ташкилотҳои бонуфуз дар маҷлисҳои раёсати Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоят ва шаҳрҳо муҳокима гардид.
-Дар ин ҷода Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат чӣ гуна чораҳо андешид?
-Мо, қабл аз ҳама, он Муроҷиатнома ва қарори маҷлиси муштараки Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи собиқадорони ҷангу хизматчиёни ҳарбиро дар байни аъзои худ муҳокима карда, дар мувофиқа бо раёсати маорифи шаҳр онро ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ расонида, муҳокимаи онро дар байни ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагон ташкил намудем. Муроҷиатнома ҳамовозии зиёд пайдо кард. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, омӯзгорони ботаҷрибаю собиқадор баромад карда, аз дӯстии байни миллатҳо, ватанпарастию хештаншиносӣ, ахлоқи ҳамидаю меҳнатдӯстӣ нақл карданд ва он ба хонандагон таъсири хуб гузошт.
Имсол ба таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур шуд. Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар мувофиқа бо комиссариати ҳарбии шаҳр, раёсати маориф, бахши ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, Иттифоқи ҷанговарони байналмилал нақша-чорабинӣ тартиб дода, гузаронидани мулоқоту вохӯриҳоро дар 70 муассисаи таълимӣ, қисмҳои низомӣ муайян кард. Нисбати солҳои гузашта, чорабиниҳо бо тайёрӣ, ҳисси баланди масъулият ва таъсирбахш гузаронида шуданд. Вохӯриҳое, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, 5, 33, 39, 40, гимназияю литсейҳо бо иштирокчиёни ҶБВ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ Ибодулло Абдуллоев, Акмал Қутбиддинов, Боймат Шеров, Исмоил Юлдошев, Комил Пӯлотов, Нарзулло Додобоев, Мирзо Олимов, Донабой Шарифов ва Ҳотам Ҷумъаев гузаронида шуданд, хеле таъсирбахш буданд.
-Яке аз роҳҳои ҷалб сохтани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва гирифтани пеши роҳи чунин ҳодисоти номатлуб ташкили мусобиқаю дигар чорабиниҳои варзишӣ ва ҳарбию ватандӯстӣ мебошад…
-Ташкили мусобиқа ва бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар ташаккули дониши зеҳнӣ ва қобилияти ҷисмонии ҷавонон нақши калон дошта, ҷалби бештари онҳо ба ин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудан аз содир кардани ҷиноят, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар шаҳр мусобиқаҳои «Ватанпарвар», «Сипар» гузаронида мешавад. Дар маҷмааи «Далерон» мусобиқаи ҷамъбастии «Ватанпарвар» бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Ғ.Абдуллоев гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо собиқадорони ҷангу меҳнат ширкат варзида, аз дастовардҳои фарзандони худ ба ваҷд омаданд.
Мо, собиқадорон, ҷавобан ба ин ғамхорӣ дар тарбияи ҷавонон, дар таҷассуми анъанаҳои ҷангию меҳнатии насли калонсол, эҳтироми онҳо нисбати муҳофизони Ватан, дӯстии байни халқҳо таҷрибаи солҳои сол андӯхтаи худро истифода бояд барем. Дар тинати ҷавонон таҷассум намудани маданияти баланди ахлоқию маънавӣ ва муҳаббат ба Ватан, ҳимояи марзу буми аҷдодиро бедор намоем.
-Ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд аз тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор сахт вобастагӣ дорад…
-Бале, маҳз бо ин мақсад бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифт. Иҷрои дурусти ин қонун имкон медиҳад, ки мо дар тарбияи насли наврас низоми комили тарбия-мактаб, оила ва ҷомеаро ташаккул диҳем, то фарзандони мо дар оғӯши тарбияи ҳамешагӣ қарор дошта бошанд. Ба назари ман, бештар волидайнеро, ки фарзандҳои хуб тарбия кардаанд, қадршиносӣ бояд кунем. Мо аз тариқи воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёфтем, ки тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе озмуни «Волидайни беҳтарин» эълон шудааст. Хуб мешуд, ки ин озмун дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ гузаронида, ғолибон ҳавасманд гардонида мешуданд.
Мо бояд эътироф кунем, ки як қисми неруи бузурги ояндасози ҷомеа, ҳимоятгарони Истиқлолият ва амнияти ояндаи кишвар, яъне насли наврас бо таъсири ҳаводиси рӯзгор аз мадди назари волидайн ва мактаб дур мондаанд. Тарбия кори умумихалқӣ аст ва мо -собиқадорон метавонем дар ин ҷабҳа хизмати босазо кунем. Вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намоем, то ин ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро хуб эҳсос кунанд ва барои ободии Ватани худ саъю талош намоянд.
-Пештар дар назди комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ гӯшаҳои «Осорхонаҳои шарафи ҷангию меҳнатӣ» ташкил дода мешуданд ва нақши онҳо дар тарбияи ҷавонон хеле муассир маҳсуб меёфт. Мутаассифона, чунин гӯшаҳо имрӯз ташкил намешаванд. Андешаи шумо дар ин бора?
-Дар тарбияи ҷавонон фаъолияти осорхонаҳои шарафи ҷангию меҳнатӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, китобхонаҳо, муҷассамаю ёдгориҳо низ нақши калон доранд. Дар шаҳри Истаравшан ҳоло ҳам як қисми чунин осорхонаҳо, ба мисли осорхонаҳои академик А.Мухторов, И.Худойназаров, И.Юлдошев, китобхонаи собиқадори меҳнат Акбар Бобохӯҷаев бо номи «Кошонаи Саъдӣ» ба мардум хизмат мерасонанд. Инчунин гимназияҳои № 1, 5, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 2, 3, 5, 6, 8, 22, 37, 39 аз ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гӯшаҳо ташкил кардаанд. Вале гап дар сари он аст, ки бархе аз онҳо гӯё ба ном вуҷуд доранд. Хуб аст, ки солҳои охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба сохтани муҷассамаҳо ба хотири фарзандони ҷанговари диёр, гузоштани нимпайкараҳо, номгузории мактабҳо, кӯчаю иншоот ба шарафи падарони шуҳратманд аҳамияти хоса дода мешавад.
Мо ба хотири ободии кишварамон тамоми саъю кӯшиши худро ба тарбияи ҷавонон, ҳидояти насли наврас ба роҳи дурусти зиндагӣ, баланд бардоштани маърифату маънавиёти онҳо ва мустаҳкамии оилаҳои ҷавонон равона месозем.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»