- гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ фаъолияти худро дар вазифаи нав аз мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолии шаҳру деҳоти вилоят, корхонаву ташкилот ва табақаҳои гуногуни ҷомеа, муайян намудани вазифаҳо дар амри ривоҷу равнақ додани татбиқи барномаҳои ислоҳотӣ, созандагиву бунёдкорӣ оғоз кард.
Мулоқоти навбатии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Абдураҳмон Қодирӣ, қабл аз ҳама, ба нақши воситаҳои ахбори омма дар пешрафту тараққии ҷомеа, амалӣ шудани нақшаву барномаҳои ҳукуматӣ роҷеъ ба ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани некуаҳволии халқ баҳои баланд дода, нақши онро хеле муассиру созанда хисобид.
-Мо ҳама як вазифаи муқаддасу пуршараф ва заҳматталаб дорем,-гуфт Абдураҳмон Қодирӣ ва идома дод: — Ин хидмат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, ман аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки баҳри иҷрои ин вазифа ба ҳам муттаҳиду муттафиқ бошем, дари дафтари кории ман ҳамеша ба рӯйи намояндагони воситаҳои ахбори омма боз хоҳад буд ва аз ҷониби ман шумо дар иҷрои кору вазифаҳо ҳамвора дастгириву ғамхорӣ ва пуштибонӣ хоҳед ёфт.
Сипас, раиси вилояти Суғд ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма муҳимтарин вазифаҳои дарпешистодаро бобати тараққӣ додани соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ривоҷу равнақ додани соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, дастгирии қишрҳои ҷомеа ва ғайра равона сохт.
-Қабл аз ҳама, -гуфт ӯ, — вазъи соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳоти замин дар вилоят беҳбудӣ металабад, зеро дараҷаи истеҳсоли маҳсулот паст буда, дар кори хоҷагиҳо камбудию нуқсони зиёд ба назар мерасад, деҳқонон дар доираи фаъолияташон ҳоло ҳам озоду мустақил намебошанд, фармонфармоӣ ва чорабиниҳои иҷбории аз солҳои пеш боқимонда ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Фурсате фаро расидааст, ки мо диди назарамонро ба сохтору замони имрӯза мувофиқ гардонем, баробари замони нав қадам занем.
Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 4,5 ҳазор хоҷагии деҳқоние, ки ҳар кадомашон зиёда аз 10 гектар замин доранд, мавҷуд мебошад. Мутаассифона, дар кори аксари ин хоҷагиҳо унсурҳои фармонфармоӣ ва фасод, пинҳон кардани даромади аслӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд, ки дар натиҷа соҳа пешрав нест. Мо хуб медонем, ки дар рӯзгори мардум эҳтиёҷ ба ҷойи кор зиёд аст. Аз ин рӯ, ҷавонони зиёд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Барои ҳалли мушкилоти ҷавонони деҳот дар ду моҳи оянда мо бояд ба ҷои ин хоҷагиҳо хоҷагиҳои инфиродии оилавиро ташкил намоем ва сертификати заминашонро сари вақт ба дасташон супорем. Бигзор онҳо ҳамчун соҳибони ҳақиқии замин дар кишти анвои зироат озоду мустақил бошанд. Ҷавонон ҳам ба ҷои ба хориҷи кишвар рафтан дар хоҷагиҳои оилавии худ кор кунанд. Мо бо роҳи машварат, нишон додани усулу тарзҳои корбарӣ, таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои аълосифат ба он мусоидат хоҳем кард, ки кори марди деҳқон осон шаваду истеҳсоли маҳсулот дучанду сечанд афзоиш ёбад ва ба ҳамин роҳ ба татбиқи Барномаи амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузорем.
-Дар шаш соли корӣ дар вилояти Хатлон, ки ман самти кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоятро ба уҳда доштам, зиёда аз 30 ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродии оилавӣ ташкил кардем. Барояшон мустақилияти кор ва эҳсоси масъулиятро фароҳам овардем. Анвои беҳтарини тухмии зироатҳоро аз хориҷи мамлакат барояшон дастрас кардем. Сиёсати маҷбуркунӣ ва фармонравоиро аз байн бурдем. Дар натиҷа, ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулот ду-се баробар афзоиш ёфт. Ҳамчунин бо роҳи иҷборӣ ғунучин кардани ҳосили пахта ва ҷалби ҳашарчиҳо ба ин маърака аз байн рафт. Деҳқонон бо аъзои оила худашон ҳавасманди чидани натиҷаи дастранҷи арақи ҷабинашон шуданд.
-Масъалаи дигаре, ки ислоҳоти ҷиддиро мехоҳад, ин бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳои соҳаи саноати сабук аст,-гуфт дар идомаи суҳбаташ роҳбари нави вилоят. Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 50 корхонаи ресандагию бофандагӣ мавҷуд мебошад, ки бо иқтидори ночиз фаъолият доранд. Дар ҳоли ҷалби сармояи хориҷӣ, пурратар ба кор андохтани ин корхонаҳо, афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулот ба мо муяссар хоҳад шуд,-гуфт ӯ. — Дар натиҷа, ҷойҳои нави кор пайдо мешавад. Мо ният дорем, ки вазъи ин масъаларо то охири соли равон беҳбуд бахшем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо вазифа гузоштанд, ки таъмири комили роҳҳои байнишаҳрӣ ва дохилишаҳриро ба роҳ монем,-гуфт А.Қодирӣ. Бинобар ин, мо соли 2014-ро «Соли роҳҳои обод» эълон мекунем. Аз ин рӯ, дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳҳои корӣ аллакай ташкил шудаанд, ки онҳо вазъи ҳар як кӯчаву паскӯча, роҳҳои байни гузару маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ба назар гирифта, ба Барномаи махсуси таъмири роҳҳо шомил мегардонанд. Ба ин кор соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми мавзеъҳо ҷалб мешаванд. Барои таъмини роҳсозон бо масолеҳи зарурӣ дар мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду заводи афсалттайёркунӣ ба кор андохта мешавад.
- Яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими Барномаи ислоҳотии мо ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳру деҳот хоҳад буд, -гуфт А.Қодирӣ. — Мо дар ин бобат аз таҷрибаи шаҳри Москва оид ба лолазоргардонии кӯчаю хиёбонҳо истифода хоҳем кард. Баҳри иҷрои ин мақсад мутахассисони гулкору гулшиносро ҷалб кардем. Анқариб, тибқи шартнома, аз маркази Федератсияи Россия анвои гуногуни ба иқлими мо мутобиқи лолаҳо оварда мешавад. Мо дар аввали кор ду шаҳри марказии вилоят -Хуҷанд ва Истаравшанро дар ин бобат ҳаммусобиқа эълон кардем. Ин анъана минбаъд дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ ривоҷу равнақ хоҳад ёфт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд баъдан таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли масъалаи доғи рӯз — тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷалб кард. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд бобати тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қарорҳои дахлдори раисони шаҳру навоҳӣ содир шуда бошанд ҳам, дар бобати дастрас шудани онҳо ба соҳибонашон қазияву муаммои зиёд мавҷуд мебошад.
Роҳбари нави вилояти Суғд ҳамчунин аз рӯзноманигорон тақозо кард, ки ба масъалаҳои инъикоси фасод, ба хотири кам кардани он дар ҷомеа, аз байн бурдани ҳодисоти даст задани занону духтарон ба худсӯзиву худкушӣ, таъмини ҳатмии иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», беҳтар кардани фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, тавсиаи пахши пурраи барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои марказиву вилоятӣ ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
-Ман аз шумо бисёр хоҳиш мекунам, ки баҳри иҷрои ин корҳо ба се навъи зуҳуроти номатлуб: қасос, туҳмат ва тамаъ даст назанед. Барои ҳавасмандкунии рӯзноманигорони беҳтарину эҳтиёҷманд то охири соли равон 20 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷудо гардида, барои рӯзноманигорони пешдаст ва иншои мақолаву маводи таҳлиливу ҷиддии арзанда се мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50, 30 ва 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда мешавад, -гуфт Абдураҳмон Қодирӣ.
Мулоқоти роҳбари нави вилояти Суғд бо рӯзноманигорон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ватандориву масъулият дар назди ҷомеа анҷом ёфт.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»