Солҳои 1998-2000-ум дар ноҳияи Зафаробод ба ҳайси мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоию фарҳангии ҳукумати ноҳия ифои вазифа доштаму бо мудири шуъбаи молияи ноҳия Тоҷибой Ҳоҷибоев зуд-зуд ҳамсуҳбат мешудам.
Номбурда дар байни мардум обрую нуфузи баланд дошт. Ҳамагон ӯро дар радифи даҳҳо фотеҳони Мирзочӯли тоҷик ва аз бунёдгузорони ин ноҳияи навбунёд медонистанд.
Огоҳӣ доштам, ки дар солҳои азхудкунии заминҳои навкорами ноҳияи мазкур зиёда аз 650 нафар соҳиби ордену медалҳои ИҶШС ва 13 нафар сокинони ноҳияи Зафаробод ба гирифтани Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ИҶШС ва РСС Тоҷикистон шарафёб гашта буданд.
Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ депутати Совети Олии ИҶШС Акбар Ҳоҷимуродов мегуфт, ки «ин марди заминиву хоксор дар солҳои 70-ум ба як идорае сарвар буд, ки дар он наздик ба 700 нафар кор мекарданд. Бо дастгирии ин марди кордон Ҷамъияти матлуботи ноҳия дар қатори беҳтарин ташкилотҳои «Центросоюз» ва «Тоҷикматлубот» ҷой гирифта, даҳҳо нафар соҳиби хонаву дар шуда буданд».
Боре аз Ҳукумати вақти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) рӯйхат ва асноди ашхоси баруманди ноҳияро талаб карданд. Банда, бо назардошти хизматҳои шоёнашон, 15 нафар собиқадорони меҳнатро ба ин рӯйхат шомил кардам ва Тоҷибой Ҳоҷибоев дар он қатор буд.
Мавсуф соли 1961 риштаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро ба итмом расонида, бо роҳхати Вазорати молия барои кор ба собиқ вилояти Ленинобод фиристода мешавад. Соли 1962 номбурдаро муфаттиш-нозири шуъбаи молияи ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷ.Расулов) таъин мекунанд. Аз моҳи апрели соли 1963 мавсуф ин вазифаро дар ноҳияи ҳамонвақтаи Ӯротеппа идома медиҳад.
Бо пешниҳоди Вазорати молияи РСС Тоҷикистон 1 январи соли 1966 Тоҷибой Ҳоҷибоев мудири шуъбаи молияи ноҳияи навбунёди Зафаробод таъин мегардад. Дар ҳамин ҷо фаъолияти ташкилотчигии ин марди кордон вусъат ёфта, ба гирифтани медали «Барои меҳнати шоён» ва чандин ифтихорномаҳо мушарраф мегардад. Кордонии Тоҷибой Ҳоҷибоевро ба назар гирифта, соли 1976 ӯро ба вазифаи раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳия таъин менамоянд ва ӯ дар ин вазифа то охири соли 1991 кор кардааст.
Метавон гуфт, ки Тоҷибой Ҳоҷибоев бунёдгузори шуъбаи молия ва Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Зафаробод аст. Маҳз ба шарофати кордонии Тоҷибой Ҳоҷибоев ин ташкилот пешқадам гардида, дар натиҷа Байрақи сурхи сайёри «Тоҷикматлубот», «Центросоюз» чандин сол дар ихтиёри он қарор дошт. Тоҷибой Ҳоҷибоев ба масъалаи ободонӣ диққати ҷиддӣ медод. Аз ин ҷост, ки ӯ дар сохтмони чандин мағозаву нонвойхонаҳо, клубу анборҳо саҳм гузошта, маҳз дар давраи сарвариаш заводи нони ноҳия васеъ карда шуд. Шумораи коргарони корхона бамаротиб афзоиш ёфта, даромад низ хеле зиёд шуд. Ҷамъияти матлуботи ноҳия маҳз дар ҳамин давра барои 140 кӯдак боғча сохта, ба истифода дод, се бинои истиқоматии баландошёнаи 16 — ҳуҷрадор бунёд карда, ба коргаронаш тақдим намуд. Гузашта аз ин, бо ташаббуси Тоҷибой Ҳоҷибоев барои муқимӣ гардонидани кормандони ҷамъияти матлубот, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо омада буданд, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, барои сохтмони манзил маводи бинокорӣ ёрдам карда шуд.
Мавсуф ҳамчунин дар сохтмони чандин иншооти дигар, аз қабили чойхонаву ошхона, гузаронидани хатҳои оби нӯшокӣ, барқ ва гази табиӣ дар ноҳияи Зафаробод саҳмгузор буда, ҳоло маҳаллае, ки бо дастгирии ин марди хайрхоҳ бунёд ёфта буд, ба номаш гузошта шудааст.
Бо ҷаҳду талошҳои ӯ Ҷамъияти матлуботи ноҳия дар як муддати кӯтоҳ бо тамоми воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мағозаҳои сайёр (автолавкаҳо), автобус барои кашонидани коргарон, мошинҳои боркаш таъмин гардид.
Давоми фаъолияташ чандин сол узвияти Раёсат (Шӯро)-и «Тоҷикматлубот»-ро дошт ва борҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шудааст.
Аз соли 1991 то соли 2001 дар вазифаи мудири шуъбаи молияи ноҳияи Зафаробод кор карда, моҳи январи соли 2001 ба нафақа баромад.
Қалби пур аз меҳру муҳаббати ин марди шариф 24 майи соли 2005 дар синни 66-солагӣ аз тапиш бозмонд.
Агар имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд, 75 — сола мешуд. Дар як навиштаи хурд тамоми паҳлуҳои кору рӯзгори ин мардони ободкорро инъикос кардан амри маҳол аст. Фақат бо ифодаи ин маънӣ ба навиштаи хеш иктифо мекунем, ки ному кори чунин абармардон аз ёдҳо зудуда намешаванд. Ба қавли шоир:
Касе к-ӯ шуд ба номи нек машҳур,
Пас аз маргаш бузургон зинда донанд.
Вале онро, ки бадфеъл асту бадном,
Агарчӣ зинда бошад, мурда хонанд.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»