Мулоқот бо кӯдакони ятим

№41 (3026) 01.04.2013

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар чойхонаи миллии «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 800 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии вилоят, аз ҷумла шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон ва водии Зарафшон мулоқот намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки алҳол дар вилоят 15247 нафар кӯдакони бепарастор, аз ҷумла 763 нафар кӯдакони бе падару бе модар ба қайд гирифта шуда, таҳти сарпарастии давлату ҷомеа қарор доранд. Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ, аз онҳо ду хонаи кӯдакон ва 15 мактаб — парваришгоҳҳо барои нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд фаъолият мебаранд.