Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтойи Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноати кишвари Олтой Борис Чеснаков ба вилоят ташриф оварда буданд, мулоқот намуд.
Гурӯҳи намояндагон дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни кишвари Олтойи Федератсияи Россия ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавии ду давлат ба вилоят ташриф овард, ки дар ҳайати он намояндагони корхонаҳои саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, саноати коркарди масолеҳи ҷангал ва кишоварзиву хӯрокворӣ шомиланд.
Дар суҳбат меҳмонон аз таассуроти хеш дар бораи имкониятҳои фароҳамовардашуда барои сармоягузорӣ ва оғоз намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун назари худро баён доштанд.
Раиси вилоят омодагии хешро барои дастгирии соҳибкорони кишвари Олтой изҳор намуда, доир ба вазъи хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рушди соҳаи саноати сабук ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, коркарди нахи пахта, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Россия маълумот дод.
Ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки дар оянда барои ворид намудани тухмиҳои серҳосили гандум ва картошка аз Олтой ба вилояти Суғд, ташкили корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ, ривоҷ додани чорводорӣ бо истифода аз таҷрибаи чорводорони кишвари Олтой саҳмгузор бошанд.
Дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бошад, вохӯрии иқтисодию тиҷоратӣ байни корхонаҳои вилояти Суғд ва кишвари Олтой баргузор шуд. Сипас, ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан намуда, бо фаъолияти Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз», корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Фаровон — 1» ва «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 9 июли соли 2014 раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, зимни сафари дурӯзааш ба кишвари Олтойи Федератсияи Россия бо соҳибкорони кишвари Олтой мулоқот доир намуда, ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ва таҷрибаомӯзии мутахассисони пешқадам дар корхонаҳо гуфтушунид анҷом дода буд.
Мухтори Абдулло