Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо варзишгарон

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо варзишгарон доир шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки дастовардҳои варзишгарони вилоят тӯли солҳои охир назаррас аст. Чунончӣ, соли 2012 варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, фаъолона ширкат варзида, соҳиби 2562 медал шуданд.

Қоҳир Расулзода ба мураббиён ва варзишгарони беҳтарин сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим намуд.