Шукронаи Худованд ва шукри истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки имрӯз мардуми мусулмон метавонад озодона ва бе ҳарос аз боби ҳуқуқи маънавӣ ва аз боби кешу мазҳаби худ ибрози ақида намояд. Боз як неъмати истиқлолият ин буд, ки замон бар сари миллат раҳбарони оқилу адолатпеша ва дар садри он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд. Сиёсати хирадмандонаи ин зумра роҳбарон батадриҷ ва давра ба давра ҳақро ба ҳақдор бирасонд. Тамоюли имрӯзаи роҳбарони халқу мамлакат бештар саршор аз неъмати истиқлол, рушду такомули он, беҳбуди аҳволи иҷтимоӣ ва ҳувияти миллист. Албатта, мо- ходимони дин ҳамеша ба фаъолияти худ назар мекунем ва аз ҳар фазлу марҳамати роҳбарони давр истиқбол менамоем.
Яке аз аломатҳои адолати Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибору эҳтимом ва вохӯрию мулоқотҳои давра ба давра ва дар вақтҳои мусоид бо тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Чанд муддат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ҷавонон, фаъолзанон, соҳибкорон, варзишгарон ва дигар қишрҳои ҷомеа мулоқотҳои судманд доштанд ва дар омад -омади моҳи шарифи Рамазони соли (1434) 2013 вохӯрии Ҷаноби Олӣ бо ходимони дин дар назар дошта шудааст. Ман бо ихлоси том гуфта метавонам, ки иншоаллоҳ ин мулоқот судманд хоҳад буд.
Гузашти айём ҳамаи умури ҳаётро танзим мекунад. Сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар саршор аз неъмати истиқлол, рушду такомули он, беҳбудии аҳволи иҷтимоӣ, ободии диёр, ҳувият ва ифтихори миллӣ ва динист. Ба назари банда, аз ҷумлаи дастовардҳои истиқлолият ин рӯй овардан ба таърих ва эҳтироми гузаштагон, эҳёи обидаҳои таърихӣ, ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, қадршиносӣ кардани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва аъзам, аз он ҷумла соли 2009-«Соли бузургдошти Имоми Аъзам» аз ҷониби Ҷаноби Олӣ эълон гаштани он ва аз ҳама кори савоб-кушодани нақбҳо, таъмири роҳҳо ва сохтани пулҳо (кӯпрукҳо) мебошад.
Дар вилояти Суғд аз моҳи майи соли 1997 инҷониб иттиҳодияи динӣ дар шакли нав — «Шӯрои уламои дини вилояти Суғд» ва мақомоти он-раёсати Шӯрои уламои дин фаъолияти худро дар доираи қавонини шариати поки Муҳаммадӣ ва қонунҳои амалкунандаи ҷумхурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» хуб ба роҳ мондааст.
Масъалаи дину диёнат, аз ҳама дастовардҳои зиёди истиқлол дар ин ҷанбаи ҳаёти мо бештар ба назар мерасад. Аввалан аз байн рафтани тарғиботи зиддидинӣ, ки муддаъиёни зиёди даҳр бе асноду далоил исломро ба илм ва пешрафти фанну техника муқобил мегузоштанд. Сониян, агар замони Шӯравӣ дар ҳудуди вилоят се масҷиди ҷомеъ, яъне, масҷиди ҷомеи «Шайх Маслиҳатдин» ва «Туғ Бобохон» дар шаҳри Хуҷанд ва масҷиди ҷомеи «Катта мадраса» дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов арзи вуҷуд дошт, пас бо шарофати истиқлолият шумораи онҳо ба 93 ва масоҷиди панҷвақта қариб ба ҳазор адад расид. Дар даврони то истиқлолият, агар аз боби муассисаҳои таълими мазҳабӣ, мадрасаҳо сухан гуфтан мушкил буд ва ягона мадрасаи динӣ дар тамоми Шӯравӣ мадрасаи «Мир-араб»-и шаҳри Бухоро буд, шукри Худо, имрӯз фақат дар ҳудуди вилояти Суғд нуҳ мадрасаи миёнаи динӣ расман аз қайд гузашта, фаъолият мекунад.
Солисан, агар дар замони Шӯравӣ ба зиёрати Байтуллоҳ, яъне адои маносики ҳаҷ як нафар мерафт, имрӯз ҳазорон ҳамдиёрони мо ҳарсола ба ин сафари муборак мушарраф мешаванд.
Яке аз дастовардҳои истиқлолият ҳимояи дини мубини ислом аз ҷониби роҳбари тоҷикони дунё, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ аст, ки дар ин маврид борҳо чунин фармудаанд: «Дини мубини Ислом ба экстремизм ва терроризм ҳеҷ гуна алоқамандие надорад».
Ин эътироф ва эҳтироми Сарвари давлат ба исломи асил масъулияти мо -ходимони динро дар роҳи гиромидошти муқаддасот баландтар гардонид.
Албатта, мо — ходимони дин ба фаъолияти худ назар мекунем ва аз ҳар фазлу марҳамати роҳбарони давру замон истиқбол ва шукргузорӣ менамоем. Вазифаи мост, ки муҳити солими маънавию рӯҳонӣ ва вазъи муътадили мавҷударо аз ҳар гуна ҷараён ва ифротгариҳо муҳофиз бошем.
Дини ислом дини адолатпеша ва созгори ҳама давру замон аст. Дини ислом зидди ҳама гуна буғзу адоват ва парокандагист. Дини ислом ҳамеша аҳли башарро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват намуда, дар асоси илму маърифат ва ақидаи солим эҷод шуда ва то имрӯз бо адолати иҷтимоӣ нуфузи чашмрасеро касб кардааст.
Мулоқоти Ҷаноби Олиро бо ходимони дин ман ҳамчун як ходими дин аз заруриёти ҳаёт ва манфиатовар мешуморам ва як нуктаро ёдовар мешавем, ки Ҷаноби Олӣ дар тамоми суханрониҳо зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру вилоятҳо ё мулоқотҳо бо тамоми қишри ҷомеа, албатта, аз боби дину диёнат, ҳимояи ислом аз терроризму экстремизм сухан карда, мардумро ба ахлоқи ҳамида, эҳтироми таъриху маданият, урфу одат, фарқи ҳалол аз ҳаром, амалҳои савоб, ятимпарварию кӯмак ба мардуми камбизоат даъват мекунанд ва вохӯрӣ бо ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб ва адолат мебошад.
Ҳоҷӣ Ҳусаӣн Мӯсозода,
раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, сархатиби масҷиди ҷомеи «Шайх Маслиҳатдин»-и шаҳри Хуҷанд.