Вазъи таъминот бо барқ дар Истаравшан беҳтар шуд, аммо…
Чанд ҳафтаи охир байни мардуми шаҳри Истаравшан ва навоҳии атрофи он беҳбуд ёфтани вазъи таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ мавриди гуфтугузор шудааст.
Дар ҳақиқат, то таъин шудани мутахассиси соҳа - Раҳимов Асадулло Акрамович ба вазифаи сардори Идораи шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан дар шаҳри Истаравшан ва навоҳии Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, Спитамену Ҷаббор Расулов зуд-зуд хомӯш шудани қувваи барқ ва коҳиш ёфтани соати барқдиҳӣ ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта буд. Кор ба дараҷае расида буд, ки дар биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, беморхонаю таваллудхона барин нуқтаҳое, ки бояд бо қувваи барқ таъмин бошанд, соатҳо барқ хомӯш мегардиду вале дар иншооти на чандон зарур, аз қабили ошхонаю сартарошхона, осиёву ҷувозхонаҳо, фурӯзон буд.
Бино ба гуфти сармуҳандиси ин муассиса Сайфиддин Очилов, роҳбари нав корро аз тоза кардани хатти интиқоли барқ аз нуқтаҳои ғайрирасмии бо қувваи барқ таъминшаванда оғоз кард. Ғайр аз ин, бо кӯшишу талоши мавсуф ба ихтиёри Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан бар иловаи лимити муқарраргардидаи 510000 киловатт — соат қувваи барқ дар як шабонарӯз боз 100000 киловатт — соати дигар зам гардид. Дар натиҷа, имрӯз мардум нуҳ соат қувваи барқ мегиранд ва дар соатҳои муайяншуда хомӯш шудани барқ коҳиш ёфтааст. Маълум мешавад, ки агар дили сарвар ба кору аҳолӣ сӯзад, ҳама гуна қазияҳо ҳалли худро меёфтааст.
Ҳоло ҳам омили ниҳоят зарур-таъмини 24-соатаи стансияҳои пахши барномаҳои радио ва телевизиони кишвар дар минтақаи Истаравшан ҳалнашуда боқӣ мондааст.
Имрӯз дар кишвар шабакаҳои радиоиву телевизиони давлатӣ, инчунин даҳҳо шабакаҳои радио ва телевизионҳои хусусию ҷамъиятӣ 24 соат фаъолият мекунанд ва аксари шаҳрвандон аз шунидану тамошои барномаҳои онҳо бархӯрдор мебошанд. Вале дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон, хусусан минтақаҳои наздисарҳадӣ, дастрасӣ ба мавҷҳои радио ва телевизионҳои кишвар пурра таъмин нашудаанд. Баъзе деҳоти шаҳри Истаравшан, навоҳии Ғончиву Шаҳристон ва Зафаробод аз ҳамин ҷумлаанд.
Банда, ки бо тақозои вазифа ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафарҳои зиёд мекунам, чандин сол инҷониб мушоҳида менамоям, ки баъзе сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан ва атрофи он рӯзона дар чойхонаву ошхона, сартарошхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барномаҳои радиову телевизионҳои кишвари ҳамсояро гӯш ва тамошо мекунанд. Ба суол ва тааҷҷуби банда сабаб пеш меоранд, ки дастгоҳҳои мавҷгири моҳворагӣ надоранд ва бино ба сабаби хомӯш шудани қувваи барқ дар стансияи пахши мавҷҳои радио ва телевизион қабули барномаҳои радио ва телевизиони кишвар тавассути мавҷгирҳои одӣ имконнопазир мегардад…
Аз ин рӯ, ҳанӯз моҳи марти соли 2011 тавассути рӯзномаи «Садои мардум» бонги изтироб зада будем. («Садои мардум», 1-уми марти соли 2011, «Як бому ду ҳаво» ё зуд-зуд хомӯш шудани барқ дар Истаравшан ба осиёби кӣ об мерезад?!»).
Мақолаи мазкур ҳамон вақт дар сатҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муҳокима гардид ва сардори вақти Идораи шабакаҳои барқ Ҳусейн Юлдошев вазифадор шуд, ки вазъи мавҷударо ислоҳ карда, аз натиҷааш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва идораи рӯзномаи «Садои мардум» таври хаттӣ посух гардонад. Мутаассифона, на ин қазия ҳалли худро ёфту на шахси муваззаф аз вазъи кор иттилоъ расонд.
-Вазъият бобати таъмини стансияҳои пахши барномаҳои радио ва телевизионии минтақаи Истаравшан бо қувваи доимии барқ то ҳол ҳамчун қазияи ҳалнашуда боқӣ мемонад. Инак, наздик ба 20 сол мешавад, ки аҳолии шаҳру ноҳияҳои ин минтақа, ҳамаи онҳое, ки мавҷгирҳои моҳворагӣ надоранд, дар фасли зимистон бо сабаби таъмин набудани стансияҳо бо қувваи барқ аз тамошою шунидани барномаҳои телевизион ва радиоҳои кишвар маҳрум мемонанд, — мегӯяд сарвари ин стансияҳо Музаффар Мустафоев.
Дар шаҳри Истаравшан, дар теппаи Тал, ки аз шаҳр тақрибан 150 метр баландӣ дорад, стансияи қабулу пахши мавҷҳои радио-телевизионӣ мавҷуд аст, ки ба Маркази интиқоли мавҷҳои радио-телевизионии рақами 2-юми вилояти Суғд тааллуқ дошта, аз 12 апрели соли 1970 то имрӯз ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Бино ба гуфти муҳандиси дараҷаи аввали ин Марказ Музаффар Мустафоев, сокинони шаҳри Истаравшан дар ҳоли ҳозир аз тамошои чор шабакаҳои давлатии телевизионии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои «Радиои Тоҷикистон» асосан бархӯрдоранд. Як идда деҳот, аз қабили «Чашмасор»-у «Навобод», ки дар даромадгоҳи роҳи Душанбе-Истаравшан ҷойгир буда, пештар танҳо имкони тамошои барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», гуфторҳои «Радиои Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе»-ро доштанд, ба шарофати насби боз як стансияи нав ба тамошои ҳамаи барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, ки таври рақамӣ пахш мешаванд, дастёб гаштанд. Дар ноҳияи Шаҳристон мардум танҳо барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», «Радиои Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе»-ро тамошо ва гӯш карда метавонанд. Мардуми ноҳияи Fончӣ бошанд, имкони тамошои ҳамаи барномаҳоро дорад, ба ҷуз сокинони деҳоти «Овчӣ» ва «Хушекат», ки барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон»-ро тамошо мекунанд. Вазъият дар ноҳияи Зафаробод беҳтар буда, аксари сокинони он барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекунанд, ба шарте ки стансияҳои қабулу пахши барномаҳои радио ва телевизион бо қувваи барқ таъмин бошанд.
-Аслан бояд стансияи мо 24 соат бо барқ таъмин бошад, зеро агар ин стансия аз барқ маҳрум шавад, мардуми минтақа аз тамошо ва гӯш кардани барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ маҳрум мешаванд.
Кормандони Идораи шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан, ки таъмини қувваи барқро ба ҳафт шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба уҳда доранд, бо ин кори худ ба осиёби радио ва телевизионҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қавле «об рехта истодаанд»,- мегӯяд Музаффар Мустафоев.
Мутаассифона, роҳбарияти собиқи Идораи шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан зарурати масъалаи мазкурро дарк карда натавонист. Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, замони шӯравӣ барои се дақиқа тасодуфан хомӯш шудани барқ, ки тавассути телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравӣ баромади роҳбари ҳамонвақтаи давлат Л.И.Брежневро намоиш медодааст, сарвари ҳамонвақтаи ин идораро аз вазифа сабукдӯш карда, кам монда будааст, ки аз болояш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намоянд. Имрӯз бошад, ин стансия соатҳо аз қувваи барқ маҳрум мегардаду пинаки ягон роҳбар вайрон намешавад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»