Нахустин ситоди омодагӣ

№83 (3068) 04.07.2013

Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Умедҷон Ҳафизӣ бо иштироки раисони ҷамоатҳо, роҳбарони идораю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо нахустин ситоди омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 баргузор шуд. Умедҷон Ҳафизӣ доир ба иҷрои қарори раиси ноҳия, ки дар ин самт қабул шудааст ҳарф зада, омодагӣ  ба рафти тирамоҳу зимистонро дар муассисаҳои томактабӣ, мактабу маориф, тандурустӣ ва ғайра таҳлил кард. Сипас, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, идораи таъмири роҳҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҳисобот дода, зикр карданд, ки барои сари вақт ва босифат захира кардани ҳезум, ангишт ва сӯзишворӣ тамоми имкониятро истифода бурда, аз натиҷааш ба ситод гузориш медиҳанд.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»