Дар қасри фарҳанги ба номи Рӯдакии маркази ноҳияи Fончӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия намоиши асарҳои рассоми хушсалиқа, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Саъдуллоев баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси ноҳия Исмоилзода Зуфари Муртазохон иштирок ва суханронӣ карда, ба ҳунару истеъдоди эҷодкори бомаҳорат С.Саъдуллоев баҳои баланд дод. С. Саъдуллоев хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимови шаҳри Душанбе буда, солҳои зиёд бо мӯқалам ҳамдаму ҳамроз мебошад. Ӯ соҳиби тахайюлоти бойи бадеӣ аст ва дар офаридаҳояш ҳаёту рӯзгори сокинони ноҳия ва берун аз онро воқеъбинона инъикос мекунад. Асарҳои ин рассом ҳатто дар осорхонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик академик Бобоҷон Fафуров ва осорхонаи Бобо Содиқов дар шаҳри Истаравшан низ маҳфуз мебошанд.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»