ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» таҷҳизоти ҷопониву итолиёвие, ки ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, пурра насб гардид. Истеҳсолоти ресандагӣ дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Дар ин ҷо минбаъд дар як сол 2,5 – 3 ҳазор тонна ришта истеҳсол мешавад. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо кори таҷҳизоти нав шинос шуда, барои таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани молҳои истеҳсолшаванда тавсияҳои муфид дод.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон