Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода рӯзи қабули шаҳрвандон аз тариқи «равзанаи ягона» доир карда шуд. Барои ҳал намудани мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоят ҷудо гардид. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Қобилхӯҷа Қобилов маблағи ҷудошуда барои кормандони соҳаи буҷетӣ, инкишофи корҳои ободонӣ, масоили иҷтимоӣ, аз қабили асфалтпӯш кардани роҳи мошингарди маркази шаҳраки Бӯстон, таъмиру таҷдиди беморхонаи марказӣ ва таъмини нуқтаҳои аҳолинишини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сохтмони мактаби нав дар мавзеи Андарваҷ масраф карда мешавад.
- Дар мулоқоти мазкур ба намояндагӣ аз фаъолони ноҳия зиёда аз 2000 нафар сокинон иштирок доштанд,-мегӯяд Қобил-хӯҷа Қобилов. -Худи ҳамон рӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода асфалтпӯшкунии роҳи марказии мошингарди шаҳраки Бӯстон, ки 40 сол инҷониб рӯйи таъмирро надида буд, оғоз гардид. Дарозии ин роҳ панҷ километрро ташкил мекунад ва барои анҷоми он панҷ миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар маросими гузоштани пойдевори бинои мактаби нав дар мавзеи Андарваҷ ширкат варзид. Бояд зикр кард, ки барои сохтмони ин иншооти таълимӣ аз буҷети вилояти Суғд ҷудо гардидани 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
- Дар ин рӯз ба раиси вилояти Суғд 240 нафар сокинони шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо 197 талабу дархост муроҷиат карданд. Аксари талабу дархостҳои эшон дар рӯзи аввали «равзанаи ягона», ки бо иштироки сарварону масъулини ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят доир шуд, ҳал гардид,-гуфт Қобилхӯҷа Қобилов.
Бино ба гуфтаи мавсуф аз маблағҳои умумии ҷудогардида ҳамчунин наздик ба 90 ҳазор сомонӣ барои кашидани хатти оби нӯшокии аҳолии деҳоти Суғдиён,76 ҳазор сомонӣ барои таъмири кӯдакистон, таъмиру таҷдиди беморхонаи деҳоти Обшорон,130 ҳазор сомонӣ барои эҳтиёҷоти деҳоти Палдорак, 650 ҳазор сомонӣ барои таъмири Беморхонаи марказии ноҳия ва ғайра масраф мешавад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»