СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бино ба иттилои котиби матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Пирмуҳаммад Пиров, саҳмдорони хоҷагии «Қизилйер» аз Ассотсиатсияи хоҷагиии деҳқонии «Тоҷикистон» дорои 86 гектар замин буда, ба 47 гектар пахта ,11 гектар гандум, 2,70 гектар пиёз, 3 гектар беда, 22 гектар шолӣ ва дигар зироат кишт намуда, аз аввали саршавии кор аҳлона меҳнат мекунанд. Деҳқонон якчанд маротиба қаторҳои 47 гектар пахтаро коркард карда, обу ғизо доданд. Дар натиҷа, ниҳолҳои пахта хуб нашъунамо доранд.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон