Дар низоми давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол оини барҷастае расм шудааст, ки ҳамасола Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мегардад. Имсол пешниҳоди Паём моҳи январ сурат гирифта, воқеан солномаи ҳақиқии роҳи босаодати халқи тоҷик гардид ва муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муқаррар намуд. Шоистаи тазаккур аст, ки ҳамасола маҳз зимни ирсоли Паём яке аз муҳимтарин тадбирҳои сол ва мушаххасоти он барои миллату давлат муқаррар мешавад ва ҷолиб аст, ки имсол дар Паёми Сарвари давлат соли 2015 ҳамчун «Соли оила» эълон гардид ва аз ҷониби аҳли ҷомеа, хоса бонувони шарафманди кишвар, ба шоистагӣ мавриди истиқбол қарор гирифт. Дар мавриди зарурат ва асосҳои эълони соли 2015 ҳамчун «Соли оила» дар Паёми Президенти кишвар таъкид шудааст: «…масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.».
Воқеан, агар ба ин тасмими муҳими Роҳбари давлат аз диди муносибатҳои ҷории ҷомеа ва зарурати таърихии эълони он таваҷҷуҳ намоем, чанд нуктаи хеле муҳим аён мегардад, ки шоистагии ин иқдомро барои мо исбот мекунад.
Дар навбати аввал таъкид кардан бамаврид аст, ки асли ҷомеаи солимро метавонад оилаи солим ба вуҷуд оварад. Аз назари дигар, ҳама гуна инсонҳои солим, чӣ аз назари фикрӣ ва чӣ аз диди ҷисмонӣ, метавонанд танҳо дар оилаи солим ба камол расанд ва фардои ҷомеаи моро равшан нигоҳ доранд. Ҳанӯз аз даврони дури таърих мардуми тоҷик ба суннатҳои хоси фарҳанги хонаводагӣ арҷ мегузошт ва ҳатто дар китобҳои андарзӣ ва ахлоқии ниёкони мо, амсоли «Қобуснома» ва «Ахлоқи Носирӣ», рукнҳои аслии таҳкими оила ва оиладорӣ баён шудаанд ва ҷолиб он аст, ки то солҳои наздик аксари ин падидаҳои олии фарҳанг ва ахлоқи оиладории миллии мо дар миёни мардум роиҷ будааст. Коршиносони масоили иҷтимоӣ ҳатто яке аз омилҳои аслии афзудани ҷудошавии оилаҳо ва костагиҳои ахлоқи хонаводагӣ, афзудани хушунат ва нофаҳмӣ дар хонаводаро ба аз даст рафтани беҳтарин суннатҳои ахлоқи оиладории миллии мо мансуб медонанд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбири Соли оила моро ба эҳёи падидаҳои нодири фарҳанги оиладорӣ раҳнамоӣ менамоянд.
Аз сӯи дигар, таъсири фарҳанги бегона ва аносири оиладории қавму миллати дигар тавассути пахши филмномаҳо ва намоиши барномаҳои гуногун тариқи воситаҳои ахбори омма ва электронӣ низ барои коҳиш ёфтани ин суннати нодир сабаб шуд. Дар заминаи таваҷҷуҳи ба масоили фарҳангӣ Сарвари давлат дар ин Паёми худ беҳуда ба масъалаи рушди синамои миллӣ ибрози назар накарданд. Изҳори нигаронии Роҳбари давлат аз вазъи феълии кинои тоҷик беҳуда нест, зеро ба қавли бархе аз мутахассисони соҳаи педагогика ва психология як қатор филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ба андеша ва ҷаҳони фитрии кӯдакон таъсири манфӣ мегузоранд, асосҳои фарҳанги ахлоқии оилавиро вайрон мекунанд. Ҳоло воқеан душвор шудааст, ки пеши роҳи тамошои чунин филмномаҳои барои кӯдакон таъсиррасонро ҷилавгирӣ намоем. Кӯшиши кормандони соҳаи фарҳанг, хоса кинои миллӣ, барои офаридани беҳтарин филмномаҳо бар асоси осори таърихӣ, ахлоқӣ ва фалсафии ниёкони мо, таҷрибаҳои нодири чеҳраҳои барҷастаи адабиву маърифатӣ, милливу сиёсӣ метавонад то ҷое дар пешгирии асари ногувори чунин филмномаҳо саҳмгузор гардад. Ин, албатта, боз такя ба тарбияи хонаводагӣ ва фарҳанги оиладорӣ муяссар мешавад. Бо тақлид ба ин қабил кинофилмҳо даст ба амалҳои ношоиста ва ҳатто ҷиноятӣ задани кӯдакону наврасони ноболиғ борҳо дар воситаҳои ахбори омма таҳлилу баррасӣ шудааст ва ин кор набояд ҷомеаро бетараф гузорад.
Албатта, сохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории мақомоти дигар дар ин самт кори муайян ба сомон расонидаанд, аммо ба назар мерасад, ки дар ин самт иқдомоти боз ҳам бештар бояд зоҳир гардад. Бо пешниҳоди аҳли зиё муддате тарҷума ва пахши чанде аз ин қабил филмҳо, ки манъ шуда буд, мутаассифона, чанде баъд дубора барои тарҷума ва интишори ин филмҳо иҷозат шуд. Умедворем минбаъд дар ин кор бо дарназардошти таҳлили воқеии таъсири чунин филмномаҳо барои тафаккури кӯдакону наврасон тадбирҳои шоиста аз нав анҷом дода хоҳад шуд.
Таҷдиду такмили раванди таҳсилоти миёнаи умумӣ низ яке аз масъалаҳои умда дар Паёми имсолаи Сарвари давлат буд. Қобили таъкид аст, ки ин тадбир ҳам пайванде ба ташаккули оини оиладорӣ дорад, зеро аз боғча ва баъдан мактаб шурӯъ карда, робитаи хонавода ва муассисаҳои маърифатӣ барои тарбияи инсони солим ва ояндасози ҷомеа оғоз меёбад. Дар ин асос таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба масъалаи ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва ворид намудани технологияҳои нав дар таҳсилоти миёнаи умумӣ, пеш аз ҳама, ба хотири тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба ҷомеаи имрӯз аз сар гирифта шуд. Таваҷҷуҳи амиқи хонанда ва таъмини шароити хуби таҳсил шарти муҳими маърифатнокию ташаккули ахлоқии насли наврас мегардад ва худи ҳамин амр метавонад барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва тарбияи ақлонии онҳо таъсири равшан ва муассир гузорад. Хонанда ва ё ҷавоне, ки дорои дониш ва маърифати баланд аст, ҳаргиз дар пайи харобии ахлоқи ҷомеа, қабули ифротгаройӣ ва амсоли ин нахоҳад буд. Аз ин рӯ, бо дарки баланди рисолат ва мақоми мактабу омӯзгор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намуданд: «…масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад».
Баҳси сатҳи саводнокии омӯзгорон ва масъулиятшиносии онҳо низ зери таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат қарор гирифт. Воқеан, имрӯз ҷомеа ба роҳнамоиҳои воқеии омӯзгорон, пеш аз ҳама, такмили шахсияти маънавӣ ва маърифатии омӯзгор, иҷрои вазифаҳои муқаддас аз ҷониби ин табақаи пешбаранда вобастагии амиқ дорад. Ин андешаи ҳидоятгарона, ки дар Паём бо таваҷҷуҳи хоса ба он таъкид шуд, боз ҳам сарчашма дар афкор ва андарзи ниёкони шарафманди мо дорад. Ҳанӯз дар замони хеш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармуда буд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Президенти кишвар дар мавриди рисолати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза бамаврид чунин таъкид намуданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Ин таъкид шарҳи воқеии ҳамин андарзи ҷовидонаи Мавлоно Ҷомист.
Ду нуктаи бисёр муҳими дигар, ки дар заминаи тадбири эълони Соли оила аз ҷониби Роҳбари давлат пешниҳод шуд, даст кашидан аз никоҳи хешутаборӣ ва аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз анҷоми никоҳ ба шумор меравад. Омори мавҷудаи дар ихтиёри мақомоти марбутаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ниҳодҳои гуногуни соҳаи тиббибуда собит мекунад, ки ҳамасола муҳимтарин омил дар афзудани шумораи кӯдакони маъюб, пеш аз ҳама, ҳамин ду нуктаи муҳим будааст. Вобаста ба ин, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ барои пешгирии никоҳи хешутаборӣ амри муҳим ба шумор меравад.
Пешниҳоди Сарвари давлат ба масъалаи ҷорӣ намудани фанни марбут ба одоби оиладорӣ дар мактабҳо бисёр саривақтӣ ва шоистаи истиқбол аст. Бовари комил дорем, ки такмили масъалаҳои фарҳанг ва маърифати хонавода, суннатҳои миллии одоби оиладории мардуми мо метавонад барои тарбияи оилаҳои солим ва бунёди хонаводаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои имрӯз боис шавад. Аз ҷониби дигар, татбиқи ин дастурҳои раҳнамо ва падаронаи Президенти мамлакат ба ҷавонони имрӯз, ки сарчашма дар тафаккури олии инсонгароёнаи ниёкони мо ва таҷрибаи таърихии замони муосир доранд, муҳимтарин кафолатҳои олии инсонӣ барои саодатмандӣ ва расидан ба ормонҳои олӣ барои имрӯзиёну фардоиён мебошад. Боз ҳам итминон бар он хоҳем дошт, ки мардуми тоҷик бо маърифати баланд ва шинохти воқеъбинонаи ин ва масоили муҳими фарҳанги оиладорӣ дар навбати аввал барои татбиқи муваффақонаи ин барномаҳои олии инсонӣ ва ахлоқӣ иқдом намуда, дар Соли оила ба бунёди оилаҳои беҳтарини тарҳгузори ҷомеаи солими ояндаи миллати азизи мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва фардои солимро аз имрӯз асосҳои мустаҳкам мегузоранд.
Сатториён Матлубахон АМОНЗОДА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Қайроққум