Ёдбуд

Ному кори ӯ ҷовидонист

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Кахаров АбдулахадДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят, олимону донишмандон ва фаъолони шаҳру навоҳӣ ва наздикони шодравон иштироккунандагони ин ҷамъомад буданд.

 Ҷамъомадро муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, дар маърӯзаи хеш, аз ҷумла гуфт:

-Ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, сиёсатмадори хирадманд ва шахсияти нотакрор Абдулаҳад Қаҳҳоров 17 апрели соли 1913 дар маҳаллаи Арабхонаи шаҳри Конибодом дар оилаи косиб ба дунё омадааст.

Ӯ Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Кировро бомуваффақият ба итмом расонида, соли 1956 курси яксолаи азнавтайёркунии кормандони роҳбарикунандаи ҳизбиро дар назди КМ КПСС дар шаҳри Маскав хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии Абдулаҳад Қаҳҳоров  соли 1930 ҳамчун нозири шуъбаи меҳнатии округи Қӯқанд оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои раиси Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмончиёни шаҳри Конибодом, солҳои 1934-1937 раиси иттифоқи касабаи комбинати консерва ва аз соли 1938 то соли 1942 мудири шуъбаи тарғиботиву ташвиқотии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷакент ва муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Панҷакент» фаъолият намудааст.

Пас аз он чанд муддат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун комиссари баталёни алоҳидаи тирандозӣ хизмат карда, баъдан дар вазифаҳои ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботию ташвиқотии Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод ва солҳои 1943-1947 котиби аввали Кумитаи ҳизбии ноҳияи Колхозчиён (ҳоло Айнӣ) ва ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен), солҳои 1947-1955 котиб ва котиби дуюми Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод, раиси Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод, солҳои 1956-1961 ҷонишини Раиси Совети Вазирон ва раиси Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1961-1973 Раиси Совети Вазирон ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сарбаландона фаъолият намудааст.

Соли 1973 ба нафақа баромада, солҳои 1974-1984 вазифаи сардори Управленияи бойгонии назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Конибодом Қаҳҳор Ҳасанов, профессори ДДХ ба номи Б.Fафуров Усмонҷон Fаффоров, писари калонии А.Қаҳҳоров- Абдурашид Қаҳҳоров, Аълочии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Маҳкамов ва дигарон ба сухан баромада, роҷеъ ба роҳи тайкардаи зиндагии А.Қаҳҳоров, саҳми ӯ дар таҳкиму пешрафти давлатдории тоҷикон, рушду такомули бойгонии тоҷик, миннатдорӣ ба Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати бузургдошти шодравон ва паҳлуҳои дигари рӯзгори ин марди фозил сухан карданд.

Бояд гуфт, роҷеъ ба кору рӯзгори ин марди донишманд, арбоби сиёсию ҷамъиятии кишвар донишмандони тоҷик китобу мақолаҳои зиёд навиштаанд. Яке аз чунин адибон Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Fаффоров мебошад. Номбурда соли 2009 китоби пурарзишеро бо номи «Абдулаҳад Қаҳҳоров» аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расонид. Мо аз ӯ эҳтиромона хоҳиш кардем, ки роҷеъ ба аҳволу осори А.Қаҳҳоров чанд сухан гӯяд.

-Таърих, чун омӯзгори оқил, гувоҳ аст, ки одамони бузурги ҳар як халқ зеби ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Сарвари кишвар Эмомалӣ   Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён 20 марти соли 2001 хеле бамаврид гуфта буданд: «Фаромӯш набояд кард, ки таърих як фазои холӣ нест, балки онро одамони зинда ба вуҷуд меоранд. Вале мо дар бораи абармардони миллатамон маълумоти кофӣ надорем. Вақти он расидааст, ки силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд оварем ва ёди онҳоро кунем».

Ин сухани воло ҳидояте буд, ки банда то кунун зиндагиномаи як зумра бузургони миллат, аз қабили Бобоҷон Fафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Муҳаммад Осимӣ, Назаршо Додихудоев, Лоиқ Шералӣ, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва дигаронро омӯзам ва силсилаи китоби «Ҳаёти одамони наҷиб»-ро ба нашр супорам. Дар ҳамин силсила мақсад аз офаридани зиндагиномаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз ҷониби банда дар он аст, ки ба қавли Мирзо Турсунзода «Эшон аз хирадмандтарин сарварони бофазилат ва фарҳангдӯсти қарни мо буд».

Оре, А.Қаҳҳоров ба таъбири аксари бузургон, аз роҳбарони хирадманду фозил буданд. Олими барҷастаи Эрон Бадеъуззамони Фурӯзонфар баъди баргаштан аз ҷашни 550 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, соли 1964 аз суҳбатҳои А.Қаҳҳоров ба ваҷд омада, чунин навишта буд: «Дар байни роҳбарони воломақоми Тоҷикистон Садри Аъзами он Абдулаҳад Қаҳҳоров аз дигарон донишманду бофарҳангтар ба чашм мехӯрд»,- гуфт ӯ.

Ин гуфтаҳои ходимони давлатӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ далели он аст, ки А.Қаҳҳоров аз зумраи сарвароне буданд, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти меҳнатиашон ибратомӯз буда, дар миёни мардум маҳбубият ва маъруфияти калон доштанд.

Ба ин гуфтаҳо илова мекунем, ки давлат хизматҳои арзандаи А.Қаҳҳоровро бо ордену медалҳо, унвонҳои баланд қадршиносӣ кардааст.

Абдулаҳад Қаҳҳоров роҳбари соҳибқалам, фарҳангдӯст ва адиби соҳибзавқ ба ҳисоб мерафт. Шоҳиди ин гуфтаҳо асарҳои зиёди публитсистӣ ва сафарномаҳои ӯст. Ӯ бо тахаллуси «Туробӣ» шеърҳои зиёд низ эҷод кардааст.

Бо қарори раиси вилояти Суғд ба муносибати 100 -солагии зодрӯзаш  кӯчае дар шаҳри Хуҷанд ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров номгузорӣ шуд. Ному кори чунин бузургмардон намиранда аст.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»