Нуҳ ҳазор бонувон соҳиби касб мешаванд

№63 (3364) 04.05.2015

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аввалин Маркази таълимии адрасу атласбофии «Дугонаҳо» ба фаъолият оғоз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин марказ 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ насб гардида, дар маҷмӯъ, 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо фаъолияти занони ҳунарманди вилоят гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои анъанаву фарҳанг ва сару либоси миллии хеш буданд ва анъанаҳои мардумии мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ шинохта шудааст.

Ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки мардуми тоҷик дубора ба фарҳангу суннатҳои миллии хеш арҷ гузорад ва вазифаи насли калонсол, тарроҳону дӯзандагон дар ҷомеаи имрӯза аст, ки анъанаҳои миллӣ ва сару либоси мардумиро тарғибу ташвиқ намоянд.

Ҳама дастгоҳҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят ройгон ба ин марказ тақдим шудааст, давоми се моҳ ба бонувон нозукиҳои адрасбофӣ омӯзонида мешавад.

-  Соли равон дар тамоми деҳоти вилоят таъсиси чунин марказҳо дар назар гирифта, ба ин васила беш аз нуҳ ҳазор бонувон соҳибкасб мегарданд, — таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Абдувосит САЛИМЗОДА