Ҳолати ҷудошавии оилаҳо баррасӣ шуд

№67 (3052) 06.06.2013

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси шуъбаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дини вилоят, бо иштироки фаъолзанон ва имом-хатибони шаҳру навоҳӣ суҳбати мизи гирд оид ба масоили гендерӣ баргузор шуд. Зикр гардид, ки соли 2012 дар қаламрави вилоят 2415 ҳолати ҷудошавии оилаҳо, 260 теъдоди паст кардани синну соли никоҳӣ, 23 модари ноболиғ ва 1043 модарони танҳо ба қайд гирифта шудааст, ки боиси нигаронист.

Шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, Ибодулло Калонзода, Нодир Одилов, Шуҷоат Ҳасанова, Маърифат Шокирова, Марям Давлатова ва дигарон перомуни мушкилоти имрӯзаи занон, никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои иҷтимоии он, барҳамхӯрии оилаҳо, ахлоқи ҷавонон, худкушӣ ва дигар ҷиноятҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, барои пешгирии чунин зуҳурот пешниҳоду тавсияҳои гуногун ба миён гузоштанд.