Ба хотири иштирок дар маросими ифтитоҳи «Маркази табобатию ташхисӣ» дар деҳаи Хӯҷаҳои деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ ҳамроҳи раиси ноҳия Исмоилзода Зуфари Муртазохон дар ин мавзеъ қарор доштему ҳини бозгашт сарвари ноҳия чунин пешниҳод кард:
-Чӣ мешавад, як сари қадам ба деҳаи Шоҳон дароему аз ҳоли нависанди куҳансоли ноҳия хабар гирем ва ба ӯ китоби тозанашри «Тазкираи адибони Ғончӣ»-ро туҳфа кунем?
-Бисёр хуб мешавад,- гуфтам ман. Пас китоби навро аз назар гузаронидам.
Дар китоби зебову мунаққаш, ки бо сифати баланд дар чопхонаи «Хуросон»-и вилояти Суғд ба табъ расидааст, намунаҳои ашъору осори 84 нафар шоирону нависандагони ду асри ноҳия, аз рубоинависи машҳури халқӣ Ҳомид Саид сар карда, то ҷавонтарин қаламкашон дарҷ гардидаанд. Дар тазкира ҳамчунин ашъору ҳикояву очеркҳои шоирону нависандагони шинохта, аз қабили Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, шоира Латофат Кенҷаева, шоирону қаламкашон Мирзо Мавлон, Зулфия Бобоева, Азизи Азиз, бародарон Ҳайрон ва Сироҷиддин Осимиҳо ва Эгамназари Соҳибназар ҷой гирифтаанд.
Нависандаи кӯҳансол Абдуллои Аҳмад моро дар хонаи хеш пешвоз гирифт.
Бояд гуфт, ки нахустин ҳикояи ӯ дар китоби «Қадамҳои пурумед» соли 1948 ба табъ расидааст. Ҳикояҳову пйесаҳои дигари ӯ соли 1965 дар маҷмӯаи «Шукуфаҳои пурумед», соли 1967 дар китоби «Истеъдодҳои ҷавон», соли 1971 дар маҷмӯаи «Одами дидадаро» ба табъ расидаанд.
Нашриёти давлатии «Ирфон» солҳои 1982-1985 ду китобашро таҳти унвонҳои «Дар талоши бахт» ва «Маънии умр» ба чоп расонидааст.
Нависанди куҳансол аз ташрифи раиси ноҳия ва армуғони ӯ –китоби «Тазкираи адибони Ғончӣ», ки аз ҷумла чакидаҳои хомаи ин қаламкаш дар он ҷой дода шудааст, изҳори сипос кард ва гуфт:
- Ҳарчанд синнам наздик ба 90-солагӣ расида бошад ҳам, бекор нанишастаам. Як романамро бо номи «Ишқи безавол» ба анҷом расонида, машғули таълифи китоби дигар бо номи «Рӯзгорнома» ҳастам. Шукри даврони Истиқлолият, шукри чунин Сарвари давлат ва шукри рӯзгори осудаи имрӯзаро карда, то ҷон дар бадан дорем, асарҳое бояд эҷод кунем, ки мардумро тарбият кунад, ба ояндаи шукуфони кишвар мусоидат намояд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»