КОНИБОДОМ. ( Д. АЛИЗОДА) Тибқи қарори раиси шаҳри Конибодом Н. Обидов, ба муносибати «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» таҳти унвони «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» озмун эълон гардид. Низомномаи он ба ҳама кумитаҳои маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фиристода шуд. Ҳайати комиссияи озмун натиҷаи онро марҳила ба марҳила баррасӣ менамояд. Озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Барои ғолибони озмун ҷойи якум -4000 сомонӣ, ҷойи дуюм -2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -1000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон