Бахшида ба «Соли оила» 14 майи соли 2015 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Фарҳанги оиладории ҷавонон» гузаронида мешавад.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2015 таҳти №157 ба тасвиб расидааст. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур ба хотири тарғиби фарҳанги оиладорӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, талқини ғояҳои ахлоқиву маънавӣ, завқи зебоипарастии ҷавонон, тарғиби либосҳои миллӣ ва одоби муошират баргузор мегардад.
Озмуни вилоятии «Фарҳанги оиладории ҷавонон» дар ду давр — шаҳриву ноҳиявӣ ва дар сатҳи вилоят гузаронида мешавад. Ба даври дуюми озмун ғолибони даври якум роҳ дода мешаванд. Озмун аз рӯи равияҳои «Фарҳанги оиладорӣ», «Рӯзгордорӣ», «Либоспӯшии миллӣ», «Одоби муошират» ва «Суруди алла» доир гардида, дар он ҷавонписарон ва ҷавондухтарони синнашон 18-сола ва оилаҳои ҷавон имкони иштирок доранд.
Қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон шудааст. Доир намудани озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» низ аз Паёми саодатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.
Абдувосит САЛИМЗОДА