Дар асоси фармони сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд тибқи нақшаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони 15 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд. Даставвал намоиши маҳсули меҳнати дастии хонандагон ташкил карда шуд, ки аз гиёҳҳои табиӣ, гербарияҳо, лавҳаҳо, асбобу суратҳои ҳархела ва расмҳои кашидаи хонандагон иборат буданд.
Муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Зулфинисо Норматова иштирокдоронро ба ин озмун хайра мақдам гуфта, ба кори он барор орзу намуд. Дар асоси Низомнома хонандагон аз рӯи се шарти озмун- ташкили намоиши маводҳои табиӣ, саволу ҷавоб ва ҳимояи рисолаву рефератҳо баромад карда, маҳорати хешро дар назди доварону ҳозирин намоиш доданд. Дар ҷамъбасти озмун иштирокдорони фаъол бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»