Аз он ифтихор ва шукрона мекунам, ки ба ҳайси як қаламкаш ҳангоми баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар қатори ҳамкасбони худ дар рикоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаву канорҳои Тоҷикистони азиз рафтам ва шоҳиди лаҳзаҳои зиёди таърихӣ будам. Ҷараёни ҳар як чорабиниро бо чашми сар дидам ва бо гӯши худ шунидам. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба хотири шодию хурсандии аҳли маҷлис баргузор мегарданд, балки метавонанд дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ба қадри дастовардҳо ва неъматҳои додаи Худованд расидан, ваҳдат ва сулҳу амонии кишвар, созандагию бунёдкорӣ саҳми сазовор гузоранд. Яъне, як мактаби комили тарбия аст, ки бунёдгузори он Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баргузории чорабиниҳои имсола бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар вилояти Суғд аз зумраи чунин чорабиниҳост. Хонандагони рӯзнома оид ба ҷараёни чорабиниҳо дар Хуҷанд ва дигар навоҳии вилоят тариқи телевизион ва матбуоти даврӣ хуб огоҳ мебошанд. Сарфи назар аз ин омил, мехостам андеша ва бардошти худро иброз намоям.
Пеш аз ҳама, аз вохӯриву суҳбатҳои Сарвари давлат бо сокинони Суғд, қабули самимонаи мардуми бошарафи Суғд, саховату ҷавонмардӣ ва ҳимматбаландии суғдиён барои худ боз як сабақи одамият омӯхтаам. Ҳар бегоҳ баъди ҷамъбасти чорабиниҳо дар танҳоӣ байти машҳури шоири бузург Муҳаммадалӣ Соиби Исфаҳониро ба ёд меовардам:
Озодии мо дар гарави пухтагии мост,
Овехтааст аз раги хомӣ самари мо.
Шояд бархе аз мардум — хоса ҷавонон ба пуштманзари ин вожа сарфаҳм нараванд. Намедонанд, ки дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани чунин як неъмати бузург тӯли қарнҳо чӣ қадар мубориза бурда, насл ба насл ормонҳо дар дил дар синаи хоки хунук манзил гирифтаанд. Маънии вожаи «озодӣ» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҳуррият, раҳоӣ, халосӣ баён гардидааст:
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?
Ин байт ба шоири маъруф Ҳоқонии Шервонӣ тааллуқ дорад. Моида дастархони пур аз нозу неъматро мегӯянд. Ҳамин тариқ, аз ин байт маънӣ бардоштан мумкин аст, ки беҳтарин неъмат барои озодагон озодист ва куфронаи ин неъмат заволи қавм хоҳад буд.
Миллати тоҷик миллати писандида аст, ки дертар ҳам бошад, ба озодӣ расид. Яъне, соҳибистиқлол шуд ва давлат бунёд кард. Давлати миллӣ ва он дар харитаи олам бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруфу маълум аст. Давлат сохтан ҳанӯз расидан ба қуллаи мурод нест. Ин оғози кор аст. Мо муваззаф ҳастем, ки давлати навтаъсис ва акнун қомат росткардаро аз балоҳои осмонию заминӣ, аз чанголи абарқудратҳову аз таънаи ватанфурӯшону бегонапарастон ҳифз намоем.
Озодагони миллат дар ҳама давру замон Ватан ва муқаддасоти миллиро аз ҳама чиз боло мегузоштанд. Яъне, маънои Ватан танҳо он гӯшаи олам нест, ки ту ба дунё омадаӣ. Ватан фарогири ҳама ормону орзуҳост ва ҳар чӣ ки дар зиндагӣ ёфтан мехоҳем, дар ин вожа фарогир аст. Ба ин хотир бузургони пешин ва имрӯз мардумро ба он ҳидоят мекунанд, ки ба қадри Ватан расанд ва пайи ободии он ҷаҳд кунанд.
Чун озодӣ ба даст омад, акнун коре бояд кард, ки дигарбора куфронаи неъмат нашавад ва давлати тозаистиқлоли мо гирифтори балоҳо нагардад. Барои он ки дигарбора ба иштибоҳ роҳ надиҳем, бояд ҷавонони мо дар рӯҳияи худшиносӣ ва миллатдӯстию гуманизм тарбия ёбанд.
Тоҷикон тӯли қарнҳои пешин шаҳрҳои зиёд бунёд кардаанд. Ниёгони мо Бухоро, Марв, Самарқанд, Китобу Кеш, Карону Ҳирот, Ҳулбуку Хуталон, Вашгирду Андигону Шумон ва ғайраро соҳиб буданд, аммо дар миёни ин ҳама шаҳрҳо Хуҷанд як шаҳри ороста ва ҳамеша ободу овозадор буду ҳаст. Ҷавонмардони шердили ин сарзамин борҳо дар ҳимояи шаҳри азизи худ дар муқобили душманон сина сипар кардаанд ва онро чун хонаи дили худ ҳифз намудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Хуҷанди бостон боз ҳам зеботару ободтар гардидааст. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти наврӯзии хеш иброз доштанд, имрӯз ҳам «Хуҷанд тирози ҷаҳон аст».
Сокинони вилояти Суғд хеле самимона меҳмононро пазируфтанд ва дар гуфтору кирдори онҳо заррае луғзу риё дида намешуд. Ошноӣ бо Сироҷиддин Ҳакимхоҷаев ва муносибати меҳрубононаи ӯ касро имконият намедод, ки худро лаҳзае меҳмон тасаввур намояд ва аз ноошноӣ бегонагӣ хиҷолат кашад. Ин ҷавонмарди ҳалиму донишманд вазифаи роҳбаладии гурӯҳи моро ба дӯш дошт. Мавсуф номзади илмҳои химия ва дотсенти кафедра буда, айни ҳол дар докторантура таҳсил мекунад ва дар вазифаи муовини сардори раёсати таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад. Сироҷиддин Ҳакимхоҷаев зиёда аз ҳафтод асари хурду калон оид ба илми кимиё эҷод намудааст ва дар озмунҳои гуногун ғалаба ба даст овардааст. Аммо ҷавонмарди хоксор, хушсухан ва маҷлисорост. Дар вуҷуди ӯ нишоне аз такаббур дида намешавад. Дар симои ӯ бо тамоми маънӣ як зиёии асили тоҷикро пайдо намудан мушкил нест.
Аз ҳама бештар маро он масъала мафтун намуд, ки дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат касе дар вилояти Суғд истиҳола намекунад. Панду андарз, маслиҳату пешниҳодҳои Президенти мамлакатро чун чароғи ҳидоят дар кору зиндагӣ истифода мебаранд.
Соли 2011 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли ордро кушода, зимни суҳбат ба соҳибкори муваффақ С.Самандаров дар бораи кушодани корхонаҳои нав маслиҳат дод. Ин ҷавонмарди оқилу кордон дар як муддати кӯтоҳ бо ҳидояти Сарвари давлат ду корхона- корхонаи тайёр намудани масолеҳ аз оҳан ва корхонаи тайёр намудани ғизои хушсифат барои чорворо сохтааст ва дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз Президенти мамлакат дари ин корхонаҳоро ба рӯйи мизоҷон боз кард ва барои соҳибкор комёбӣ орзу намуд. Яъне, кушода шудани корхонаҳои нав аз як тараф ба хазинаи давлат аз ҳисоби андоз маблағ илова намояд, аз ҷониби дигар даҳҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Ё ин ки соҳибкор Турсуной Зокирова аз шаҳри Қайроққум дар арафаи Ҷашни Наврӯз бинои истиқоматиеро ба истифода дод ва аз 35 хонаи ин бинои зебо даҳ хона ба оилаҳои бепарастор, маъюб ва камбизоат ройгон тақдим гардид. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Калиди хонаро оилаҳои хушбахт аз дасти Роҳбари давлат гирифтанд ва итминони комил дорам, ки то охири умр ин лаҳзаи фараҳафзоро фаромӯш нахоҳанд кард. Итминон дорам, ки чунин хайр баракати кори соҳибкорро дучанд афзун мегардонад. Хоса, ки Сарвари давлат аз саховатмандии ӯ қаноатманд буд. Бузургон фармудаанд: «Агар шоҳ аз кирдори неки фарде розӣ бошад, баракат дар кор ва зиндагии ӯ зиёд мегардад».
Т. Зокирова барои табобати 19 нафар наврасони гирифтори бемориҳои дил давоми соли 2014 маблағ ҷудо намудааст ва барои онҳо умри дубора бахшидааст. Ӯ барои ёрӣ ба оилаҳои камбизоат фонди махсус ташкил кардааст. Рафтори ин зани наҷиб ҳам мояи ифтихор ва ҳам як мактаби тарбиявӣ барои дигар соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Қомат афрохтани ҳайкали шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар як гӯшаи зебои шаҳри Хуҷанд на танҳо барои суғдиён, балки барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз хурсандиовар аст. Аз шаҳри Табрез овардани хок аз турбати шоир ва бунёди оромгоҳу хонаи рамзии шоир воқеаҳои муҳими фаромӯшношуданӣ мебошанд.
Ба нақша гирифтани таъмиру тармими куҳандизи Хуҷанд низ барои равшан гардидани саҳифаҳои ҳанӯз нохондаи сарзамини тоҷикон аҳамияти бузург дорад.
Имрӯз Қасри Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукӯҳу шаҳомоти худ ба ҳусни табиати ин диёр ҳусни тозае зам мекунад. Ин қаср бояд барои тамоми мардуми Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва онро ҳамчун «Осорхонаи саодат» ёд кунанд, зеро аз ҳамин бино роҳ барои ояндаи пурифтихор, роҳи ваҳдату дӯстӣ, роҳи созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфт. Аз ҳамин бино Худованд барои мардуми шарифи кишвар Сарвари ҳидоятгар, пешвои бохирад ва ҷавонмарди ҷонфидои миллатро ҳадя кард, ки ӯ тавонист миллати пора-пора ва кишвари нимсӯхтаро дубора эҳё намояд ва ба ӯ шуҳрати ҷовидонаи ҷаҳонӣ бахшад.
Оғози бунёди як шаҳр дар қаламрави Суғд бо номи Сайҳун гувоҳи он аст, ки Роҳбари давлат танҳо ба хотири созандагию бунёдкорӣ, осоиши мардуми мамлакат ва бахту саодати онҳо кору зиндагӣ мекунад, ба ҳар ҷое қадам мегузорад, танҳо мақсаду иродааш пайи ободкорист.
Дар вилояти Суғд кишоварзон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Ҳангоме ки мо аз Боғи миллӣ дидан мекардем, ба чашм мерасид, ки тамоми заминҳои байни дарахтони пургул шудгор ва кишт шудаанд. Ба қадри неъмат расидан баракати кишоварзонро зиёд мегардонад. Ҳамин аст, ки тамоми фаслҳои сол болои дастархони онҳо анвои мева ва сабзавоти тару тоза дида мешавад.
Мақсад аз сиёҳ кардани коғаз ситоиш нест, балки иншои воқеият аст. Яъне, аз чунин чорабиниҳо сабақ гирифтан, муҳтавои онҳоро ба мардум фаҳмондан ва пухта шудани ҳар фарди ин сарзамин боиси мустаҳкамии истиқлолияти кишвари азизамон мегардад.
Имрӯз пайдо мешаванд ашхосе, ки аз кинаву адоват, бахилию нотавонбинӣ ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд ва аз расонаҳои бегона нисбати Сарвари давлат, нисбати Тоҷикистон ва аҳли зиёву ҷомеаи мо ҳарфҳои носазо мегӯянду сари онҳо борони туҳмат мерезанд. Агар мо панди шоири бузург Соиби Исфаҳониро дуруст дарк кунем ва аз мактаби Сарвари давлат баҳра бардорем, дар ҷавоби онҳо метавонем бо далелу бурҳон посух гӯем ва нагузорем, ки нотавонбине ба рушди босуръати кишварамон латма занад.
Д.Талабзода, «Садои мардум»