Ин марди нуронӣ хислатҳои нек дорад. Шукргузорӣ аз рушди кишвар мекунаду насли имрӯзро ба меҳанпарастиву меҳнатдӯстӣ талқин менамояд, зеро ӯ ба сирату сурат як фарди ҷомеа, меҳнативу ватанпарвар аст.
- Ба ин замонаи ободу пурфайз шукрона бояд кард, — таъкид намуд ӯ зимни як суҳбат.- Бо талошҳои Президенти мамлакат диёри офтобии мо – тоҷикон ободу зебо мегардад. Ин роҳҳои ҳамвору нақбҳои бузургро мебинаму дар д
илам оташи ифтихор аланга мезанад. Кош, падарону модарони насли мо ин ободкориҳоро медиданд…
Омадурафти мардуми муҳоҷири Кӯҳистони Мастчоҳ ба Дилварзин, яъне Мастчоҳи нав, мушкилиҳои зиёд дошт. Бахусус, дар фасли зимистон касе ҷуръат намекард, зеро роҳи ағбаҳои Оббурдону Шаҳристон хатаре дошт марговар…
- Чанде пеш аз нақби Шаҳристон гузаштаму дуои ҷони Сарвари давлатро кардам… Зиҳӣ, марде, ки баҳри ваҳдату якпорчагӣ, ободиву осудагии рӯзгори мардуми Тоҷикистони азиз талош дорад. Ин ҳама пешравиву ободкориҳо аз файзу баракат ва азму талошҳои Эмомалӣ Раҳмон аст.
Рӯзноманигори варзида Мирзоҳамдам Шарифов нақл мекунад, ки бобои Ҳомид Давлатовро хуб мешиносад, ӯ ҳамеша дар такопӯю ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли муаммоест. Номбурда аз зумраи инсонҳоест, ки бо ташаббус, идрок, ҷасорату мардонагӣ, ахлоқи ҳамида, таҷрибаи рӯзгор дар маҳаллаи худ бо зиндагии ибратбахш машъалбардори маҳфилҳост.
Ҳомид Давлатов 2 январи соли 1925 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ ҳофизаи қавӣ дошт ва аз ин рӯ баъди хатми мактаби ҳафтсола дар нуқтаи баландтарини ноҳия — деҳаи Деҳҳавз ва баъдтар дар рустоҳои Ланглифу Ярм ба насли наврас таълим додааст.
Бобои Ҳомид солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд меораду шукри ин даврони тинҷу осуда ва фаровонӣ мекунад.
Бо хоҳиши худаш солҳои 1945 -1950 хизмати Ватан — Модарро ба ҷо овард. Дар охирин муҳорибаҳои ин ҷанги хонумонсӯз, барқароркунии харобаҳо, ободонии Ватани азиз саҳм гузошт. Баъди ба диёри аҷдодӣ баргаштан ҳамчун алоқачӣ дар пойгоҳи обуҳавосанҷии «Мадрушкат» — и ноҳия ба фаъолият шурӯъ намуд. Бобои Ҳомид солҳои 1975 – 1976 гидротехники Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия буд. Якчанд сол дар идораҳои ҷустуҷӯйӣ – геологии «Моғиён» ва «Қароқум» фаъолият кард.
Соли 1985 вазифаи пурмасъулияти алоқачии Хоҷагии давлатии ноҳиявиро ба зимма гирифта, дар як вақт то соли 2006 ба ҳайси раиси корхонаи хурди «Садо» фаъолият намуд ва дар таъмини робита, яъне алоқаи деҳаю рустоҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, саҳми бевосита гузошт.
Солҳои ҷанги бемаънии бародаркуш дар баландтарин нуқтаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ садои ратсияи бобои Ҳомид баланд мешуд. Тавассути «садо»-и панҷаҳои ӯ дар Душанбею Хуҷанд сари вақт аз ҳодисаву воқеаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ бохабар гардида, амалҳои номатлубро ҷилавгирӣ мекарданд.
- Моҳи марти соли 1993 ба барфи якметра ва хатари воқеӣ нигоҳ накарда, Ҳомид Давлатов барои дастгирии сохторҳои давлатӣ, ҳимояи аҳолии ба таҳлукаафтода дар деҳаҳои сарҳадии ноҳия –Водиф, Деҳҳавз, Деҳҳисор ва маҳаллаи Мазор ратсияҳо васл намуда, шогирдонашро масъул гузошт ва алоқаи мунтазамро бо ситоди шуъбаи корҳои дохилӣ ташкил кард, ки худ як қаҳрамонист, — иброз медорад собиқ сардори шуъбачаи ШКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хӯҷабек Файзуллоев.
Собиқ муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Саидҳаким Боқиев дар маълумотномаи худ зикр намудааст, ки фаъолияти алоқачиён дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳз бо талошҳои Ҳомид Давлатов самараи нек додааст. Бисту панҷ радиостансияи дар деҳаҳои ин мавзеъ васлнамудаи ин марди кордон дар ташкили ҳаёти осоишта, гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб дар он замон нақши муҳим гузоштанд.
Рӯзҳои аввал дар ноҳия нафароне буданд, ки ба кори бобои Ҳомид бовар ва эътимод надоштанд. Вале вақт ва талошҳои ин марди майдон собит сохт, ки пешаву иқдоми ӯ ба манфиати беҳдошти рӯзгори мардум ва сулҳу осоиш аст.
- Ҳомид Давлатов воқеан ҳам бо ҳаёти пурсамари худ дар рушду нумӯи ноҳия, тинҷиву амонии сокинони соҳили Зарафшон саҳм гузоштааст. Бахусус, хизматҳояш дар соҳаи алоқаи ноҳия шоиста мебошад, — зикр мекунад, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сӯҳроб Охунов.
Алҳол бобои Ҳомид даврони пирӣ меронад, соҳиби чор писару панҷ духтар аст, ки ҳар яке дар зиндагӣ муваффақу сарбаланданд. Дар ҳалқаи 40 набера ва 16 абера рӯзгори пурифтихор дорад.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»