-Тайи се сол аст, ки бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии «Каритас»- и Ҷумҳурии Федеративии Германия якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» дар шаҳри Конибодом лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар ҷомеа» амал менамояд. Ҳадафи ин лоиҳа кумак ба кӯдакону наврасони маъюб ва имконияти маҳдуддошта мебошад,- мегӯяд котиби матбуотии раиси шаҳр Солеҳа Ваҳҳобова.
Тибқи ин лоиҳа, аз ҷониби кормандони Маркази иҷтимоии хизматрасонӣ дар хона бо чунин кӯдакону наврасон машқҳо, маҳскунӣ, таъмин намудан бо аробачаҳои маъюбӣ ва дигар амалҳои мададрасонӣ гузаронида мешавад. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳои ин лоиҳа барои кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд аз ҷониби ҳунармандони навраси мактаби санъати бачагонаи шаҳр ва бо иштироки худи кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ наврасон ҳамроҳи падару модарон ва омӯзгорон иштирок карда, аз ҳунару истеъдоди ҳамсолони худ огоҳӣ пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои маъюбии кӯдакон, тавре Президенти мамлакат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, никоҳи хешутаборӣ аст. Имрӯз дар шаҳри Конибодом 436 нафар кӯдакону наврасони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо қариб 30 фоизашон аз никоҳи хешутаборӣ таваллуд шудаанд.
Тариқи лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар ҷомеа» бо 150 нафар кӯдакони маъюб корҳо бурда шуда, ба 11 нафар аробачаҳои маъюбӣ, ба ҳафт нафар аробачаҳои роҳгардӣ, барои се нафар курсичаҳои махсуси нишаст дастрас гардидааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»