Раиси вилоят аз ҷараёни таҷдиди хоҷагиҳо изҳори нигаронӣ намуд

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Исфара зимни сафари корӣ ба рафти корҳои обтаъминкунии мавзеи Моҳпарӣ, ки тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ  мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи хатти лоиҳавии обтаъминкунии минтақаи Моҳпарӣ маълум гардид,  ки то имрӯз аз 12 километр  масофаи умумӣ дар ҳафт  километри он қубурҳои баландфишор хобонида шудааст. Корҳои васлу насби қубурҳо, ки ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буд, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Барои ин аз буҷети вилоят се  миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Мувофиқи лоиҳа ба масофаи умумии 12 км аз шаҳраки Навобод тавассути маҳаллаи Сомониён ба мавзеи Моҳпарӣ  бо қубурҳои баландфишори 225 ва 315 мм об бароварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд.

Бояд зикр кард, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Моҳпарӣ ба шаҳрвандон дар масоҳати умумии 830 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва дар ин минтақа шаҳраки наву замонавӣ бунёд  меёбад. Дар марҳилаи аввал ба ду  ҳазор нафар шаҳрвандон қитъаи замин барои бунёди манзили зист ҷудо гардидааст. Барои фаъолияти мунтазами хатти оби нӯшокии мазкур бунёди пойгоҳи обкашӣ ва ду ҳавзи захираи об бо андозаи ҳар яке 2000 метри кубӣ дар назар аст.

Раиси  вилоят аз ҷараёни ғайриқаноатбахши  корҳо изҳори нигаронӣ  намуда, супориш дод, ки кор дар ин самт ҷоннок карда шавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки масъулин ба сифати кор ва мувофиқи нақша ба анҷом расонидани он аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Дар назар аст, ки хатти оби нӯшокии Навобод – Сомониён — Моҳпарӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Ҳамзамон ба рафти корҳо дар роҳи автомобилгарди Исфара — Ворух таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Тавре  иттилоъ дода шуд,  тибқи Протоколи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои сокинони Ворухи шаҳри Исфара роҳи нав бунёд карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки сокинони ин минтақаи дурдасти вилоят таври доимӣ  ба маркази Исфара рафтуомад намоянд. Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкур то санаи якуми  ноябри соли равон  ба итмом мерасад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз  ду  миллион сомонӣ  ҷудо гардидааст.  Дарозии роҳи бунёдшаванда 1500 метр ва бараш  ҳашт  метрро ташкил дода, он тавассути деҳаи Тоҷикони  деҳоти «Ворух» мегузарад.

Сипас,  дар толори Кооперативи истеҳсолии «Ворух» мулоқоти раиси вилоят бо аъзои комиссияи вилоятӣ  оид ба таҷдиди хоҷагии мазкур ва шахсони масъул  баргузор гардид. Раиси Кумитаи идораи замини вилоят Ориф Хоҷаев зикр намуд, ки  то 28-уми сентябр 27 дастаи истеҳсолии Кооперативи истеҳсолии «Ворух» ба таҷдид фаро гирифта ва 3668 нафар саҳмдор муайян карда шудааст. Аз ин ҳисоб 2533 адад хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ таъсис  ёфт, ки 1203 нафарашон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд.

Сарфи назар аз корҳои иҷрошуда,  раиси вилоят аз ҷараёни сусти таҷдид дар ин минтақа изҳори нигаронӣ  намуда, таъкид кард, ки кор дар ин самт масъулияти бештарро талаб менамояд.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»